Скачать книгу

шикамсерӣ нӯшанд, аз ҷиянашон ҷавонтар мешаванд. Дарвоқеъ, чӣ ном доред, ҷияни тағо?

      – Мирмалик. Номи шарикам Сабзалӣ.

      – Аз лафзашон маълум, ки ин кас хуҷандӣ не…

      – Ман ҳам ранги шумо кӯҳистониюм, туғойӣ. Ай Хуталон… Вақту соаташ ояд, созтар шинос мешем.

      – Гапи меҳмон қабул! – овози соҳибхона омирона садо дод. – Абдулмаҷид, ба ту гап ҳамин, ки беҳтарин шогирдҳои ҷавон катӣ ҳамроҳи меҳмонҳо як шинаки зӯр ташкил мекунӣ. Боғи лаби дарё ва нисфи гӯсфанд дар ихтиёри ту, эй мири маҷлис. Ман ҳамроҳи деҳхудою домуллою мӯйсафедҳо бо Шайхбобо дар ин ҷо сӯҳбат мекунем. Абдулсайид – маҳфилорои мо…

      – Амака, ман ба тағоям нигоҳ кадосиям. Шумонкади ҷудо шуда, алакуҷо намерам!

      – Тағои ту акнун бародари ба ҷону дил баробари ман, эй Мирмалик. То ман ҳастам, ту ягон зарра хавотир нашав! Ғайр аз ин…

      Ними гапи Аҳмадсайид дар даҳонаш ногуфта монду «Хезед, Шайхбобо меоянд!» гӯён аз ҳама пеш ба истиқбол омода шуд.

      Шайх Бурҳониддин бо табассуми нуронӣ дасти рост ба сандуқи сина ниҳода, бори дигар одоби саломи ом баҷо оварду бегапу ҳаракати зиёдатӣ назди Ҳамиди оҳангар омад. Писараки бемор ва озурдаро беозор аз бағали падар ба оғӯши худ гирифт, беҳазар аз рухи зардаш бӯсид ва мӯшикофона ба қаъри чашмонаш нигаристу ба падар гуфт:

      – Медонем, ки ҳамакаса ҳафт моҳ боз илоҷи дард меҷӯеду табобат мекунед. Азбаски ягон нишонаи беҳбуд нест, ҳама гумон доред, ки шояд бемории Неъмати нотавон дармоннопазир бошад. Ин фикри хато асту васвасаи шайтони лайин! Худи ҳозир моро маълум шуд, ки илоҷи дарди ин кӯдаки бегуноҳро мабдаъ ва маод, яъне аввалу охир дигар асту бори дили дардпарварашро тарзи дигар метавон сабук кард.

      «Табиби аз ғайб расида» ин бигуфту фармуд, ки пӯсти гӯсфанди навкуштаро биёранд. Худ бо чолокии ҳайратомез кӯдакро бараҳна намуда, пӯсти сафедрангро чу парпеч ба танаш печонд.

      Сипас муддате дар ҳолати хеш муроқабат намуда, ҳолати маънавию рӯҳии худро бо ҳоли бемор мутобиқ сохт ва пас аз зикри ҷамил бо овози нимшунаво дуои махсус хонд: «Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим. Аъузу бикалимот иллоҳи томмоти куллиҳи мин шарри мо халақа. Бисмиллоҳи хайраласмон. Бисмиллоҳи раббил арзи ва самои. Бисмиллоҳи ло язурру маъа исмиҳи шайъун фил арзи ва ло фиссамои ва ҳува самъул ъалим».

      Баъди қироат ба гӯшу чашму даҳону бинии бемор се бор шуф карду кӯдаки «пӯстинпӯш» ба дасти падар дод:

      – Кӯдакро пиразоле ҷоду кардааст бо ҳафт банди тилисм. Мо кушодани банди баста оғоз ниҳодем ва боқӣ ба оби равон ҳавола кардем.

      Эй падари ранҷур, дил фарох дор ва қад-қади ҷӯйбор рост ба манзилат рав оҳиста-оҳиста ва пайваста «Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳил-азим» бигӯ. Ҷое, ки кӯдак атса занад, қарор исту ба рӯяш се каф оби ҷӯй бипош. Агар чашм кушояд ва «нон» гӯяд, неъмати ҷаҳонро бурдӣ: тилисм кушода ва ҷоду шикаста шудӣ!

      Дартоз ба хона шитобу кӯдакро шуста, либоси нав пӯшон ва ғизои сабук бидеҳу хуррам бош – дилбанди ту саломат мешавад! Боқӣ «кона-л-лоҳу ало кулли шайъин муқтадир». Яъне, Парвардигор ба ҳама кор зӯру тавоно бошад…

      Оҳангар

Скачать книгу