Скачать книгу

бош, зи афсуни ҳаводис имрӯз

      Шуд қиссаи ҳоли душманон афсона.

      Рубоӣ аз ҷониби ҳамагон бо мамнуният пазируфта шуд, аммо шодии Абдулмаҷид аз дигарон бештар буд:

      – Маълум мешавад, ки фар-фар шеър гуфтан барои ду бародар хислати модарзодӣ будааст. Ин ҳунарро, эй Аҳмади Исфарангӣ, то метавонӣ, сайқал деҳ!

      Маслиҳат бо арзи миннатдорӣ қабул гардид. Вале он лаҳза ҳар ду ҳам намедонистанд, ки муддати мадиде нагузашта, бо усули фар-фар боз як рубоӣ эҷод мешавад. Ва аз ҳама аҷибаш, ба яғмо рафтани тӯшаи сафар баҳонае барои эҷодкорӣ мегардад.

      Тасодуфи ногувор чунин ба вуқӯъ пайваст: ҳамсафарон аз Санги Арӯс тарафи офтоббаро ҳаракатро идома дода, қарибиҳои нисфирӯзӣ ба шаршараи Шаввотӣ расиданд. Азбаски ҳаво гарм буд, ҳама куртаю шалвор бадар карда, худро ба об заданд. Аҳмад низ ҳамранги ҷамоат буд, вале аз оббозӣ дида, бештар тамошо мекард. Чунки ин гуна шаршараи нестандарҷаҳонро дар умраш бори аввал медид: оби нилгун аз роғи мобайни ду тахтасанги бузург чакра-чакра заҳида, ришта-ришта чун бирешими ҳафтранг поён мешорид ва дар замин бо сабзаи тару зираю пудина ҳамоғӯш гашта, ба тану бадан кайфияте мебахшид нотакрор!

      Оббозию дилхушӣ аз меъёр бештар тӯл кашиду вақте ҳама хаставу шалпар ва ташнаву гурусна аз оби ширгарми шаршараҳавз худро берун кашиданд, дуд аз димоғашон баромад: шағоли баднафсе пойгоҳро хилват ёфта, ҳама нону гӯшти дар кӯлбор бударо тамоман хӯрдаю бурда буд…

      – Омад ба сарам он чӣ метарсидам! – даст ба пешонӣ зад роҳбалад. – Мо, ворухиҳо, тоқат мекунем, лекин… меҳмони мо…

      Ҳама узромез Аҳмадро нигаристанду Абдулмаҷид кӯшид, то вазъияти ногуворро шоирона бартараф созад:

      – Аз беэҳтиётӣ тӯшаи роҳро аз даст додем… Бе баргу наво дигар ба ҷое рафта наметавонем. Маро бубахш, эй меҳмони азиз, ки маҷбурем бо шиками гурусна роҳи дарози душворгузарро тай карда, ба Ворух баргардем.

      Ҳамсафарон гунаҳкорона чашм ба замин дӯхта, аз меҳмон ҷавоби сард, ҳатто пичингу кинояи талхро интизорӣ мекашиданд. Вале ӯ бо шеъри фарфар ҷавоб мухтасар кард:

      Дар боғ суи тараб ҳавое дорем,

      Эй дӯст, биё, ки нек рое дорем.

      М-андеш зи нестию бебаргии роҳ,

      К-аз булбулу гул баргу навое дорем!

      Шеъри равон ба дили шикастаи дӯстон марҳам гашту бо хотири осуда поён хамида, вақти говгум ба деҳа расиданд. Дар хонаи Зарифи Доно шикамсерӣ хӯрок хӯрда, сипас манзил ба манзил пароканда шуданд, то табъи дил дам гирифта, барои саёҳати фардо омода шаванд.

      * * *

      Рӯзи дигар Абдулмаҷид пагоҳии барвақт ба бӯстонсаройи амакбузурги Нигина омад, то аз ҳоли меҳмон хабар гирифта, самти хатсайрро муайян созад. Аҳмадро болои тахтакати саҳни ҳавлӣ машғули мутолиа дарёфт ва бо як назора фаҳмид, ки шоир ягон зарра осори хастагӣ надорад.

      – Имрӯз ба ду ҷои тамошобоб рафтанӣ, – гуфт баъди саломуалейк ва ҳолпурсии урфӣ. – Якумаш Гаҳвораи заррин дар мавзеи Кеҳ, дуюмаш Сияҳкӯл дар мавзеи Пули Офтобрӯй. Ин дараҳо дар ду самти муқобил доман паҳн карда, яке аз дигаре зеботаранд.

      Абдулмаҷид лаҳзае таваққуф намуда, бо

Скачать книгу