Скачать книгу

орзупарварро дӯст медошту ҳар ду ошиқи ғош буданд ва савганди садоқат ба забон оварда, ки агар ба висоли якдигар нарасанд, тарки дунё мегӯянд. Падари духтар аз ин ишқи ифротӣ огоҳӣ дошт. Аммо на духтар ба Фарҳод додан мехосту на духтар аз даст додан. Рӯзу шабон фикр карда-фикр карда, тадбире ёфт ва ба ҳама хостгорон чунин шарт гузошт:

      – Ҳавлии ман соярӯ – соле ёздаҳ моҳ ҳавояш хунуку рӯшноияш тунук, фақат як моҳи чилаи тобистон рӯйи офтоб баръало намоён мешавад. Чунки қуллаи сабили рӯ ба рӯ пеши офтоба гирифтагиаш гирифтагӣ. Ҳар касе ин қуллаи бахила паст карда, манзили мана офтобрӯя кунад, Парихон ҳаққи ҳалолаш шавад!

      Ин шартро шунидан ҳамон ҳамаи хостгорҳо бо алам ба қуллаи баланд нигаристаю «зӯри беҳуда миён шиканад» гуфта, ноилоҷ дасту дил шустанд. Фақат Фарҳоди ориятманд путку теша ва обу тӯша гирифта, чун ҷавоншери маст худро ба тори кӯҳ расонд, то қуллаи баландро паст гардонад ва коми дил ба даст орад. Ҳафтае чанд обу арақ резонда, пайваста путку теша зада, аз ду тарафи қулла камар кофт, то кӯчонидани қулла осон гардад.

      Мардуми деҳа аз ҳарбу зарби деҳқонписари шердил бо кӯҳи бахил ба таҳрик омада, хайрхоҳона даст ба дуо бардоштанд. Зеро аз поён баръало медиданд, ки агар Фарҳод боз андаке заҳмат кашад, рахна васеътар гашта, кӯчидани қулла осонтар мешавад. Аз дуову санои мардум рӯҳ гирифта, ошиқписар солор аз ҷой хесту бо тамоми қувват, Рустамвор, путки гарон ба сари санги калон кӯфт. Он чорпора гашту ба ҳар тараф пош хӯрд. Тамошогарон оҳи сабук кашиданду Фарҳод шодмона ончунон наъра зад, ки аз акси садояш кӯҳ ларзид. Сипас пешонабанд аз сар кушода, арақи гардану рӯй пок карду латтапора мисли Дирафши Ковиёнӣ алвонҷ дода, ба чашминтизорон ва дар навбати аввал ба Парихон нахустин пайки зафар расонд. Шӯру ғиреви ошиқнавозон ба фалак печид ва дастафшону пойкӯбон паёпай «Офарин!» мегуфтанд. Парихон низ дар болои бом болу пари шодӣ кушода, рӯймоли ҳарир аз сар ба даст гирифту чун ливои ошиқон ба ҷилва овард.

      Ҳама суруру тантана доштанд, ғайр аз Хусрави бойбача. Вай ҳам талабгори ашадии Парихон буду аз он ки рақиби сарсахташ Фарҳод ба фатҳи қулла қариб омадааст, чун мӯйи сӯхта ба худ мепечид.

      Падари сарватманди Хусрав аз ҳоли зори фарзанди нолон ҷигарбирён шуда, дартоз пеши падари Парихон омад ва ҳадаҳа гуфт:

      – Ҳавлии калони сари баландиро, ки чор хонаи барҳавою равшан дорад, бо ҳама фаршу колояш ва боғу гулзораш пурра ба ту бахшидам. Ин макони дилкушо ва офтобрӯяро мегирӣ?

      Аз ҳадяи ногаҳонӣ падари Парихон пакар гашту пеши пойи падари Хусрав дузону нишаста, замини хидмат бӯсид ва шоду хандон гуфт:

      – Бо чону дил мегирам ва аз мағзи дилу ҷон розӣ мешавам, ки фарзандони мо ақди никоҳ баста, ба муроду мақсад расанд!

      Ин номардӣ барқвор ба гирду атроф паҳн гашту хурду калон дилсиёҳ гашта, андӯҳнок ба хок бознишастанд. Тағйир ёфтани ҳолати мардум Фарҳодро ба таҳлука андохт. Хавотиромез ҷониби ҳавлии маҳбубаи хеш нигарист. Дид, ки Парихони навакак чеҳрахандон болои бом парӯ хобида, дасткӯбон зор-зор гиря дорад. Дилаш таҳ кашид. Зеро медонист, ки навҳаи номуборак нишонаи мусибат асту гиряи маъшуқа мотами ошиқ мешавад.

      Ҳазор афсӯс, ки чунин шуд: Парихон гирён-гирён рост хесту ба қуллаи кӯҳ нигарист

Скачать книгу