Скачать книгу

беозор халал нарасонад. Вале кабутар ба вай нигоҳе накарда, ҳалқаро лаби ҳавз гузошту нӯл ба об андохт. Бо чанд қатраи пок ташнагӣ бишкасту болу пар афшонда, сабук боло парид. Аммо ҳалқа ба минқор нагирифт: ё фаромӯш кард, ё барои Бимастура ҳадя гузошт.

      Оҷизаи ҳайратзада оби дар каф доштаашро, ки аллакай нисф кам шуда буд, саросема нӯшиду бо кунҷковии хоси занона ҳалқа аз замин бардошт. Дид, ки ангуштарест бенигин. Хост бозгашт ба ҷояш ниҳад. Вале дудила шуд. Барои санҷиш ҳалқа ба ангушт андохт. Завқаш омад – ончунон чену чамма, ки гӯё махсус барояш сохтаанд!

      «Насибаи худ дарёб» гуфтани Пири Бузургвор ёдаш омад. Аз таҳти дил «Асло рӯзи камия набинед, Пири ҳамабин ва ҳамадонам!» гӯён бо чашми пуршарар гоҳ ба чаллаи ангушту гоҳ ба кафтари чаллабиёр нигариста, баъди бӯсидани занҷири Дари мурод ҷониби ароба бардам-бардам қадам ниҳод. Кабутар лаҳзае дар болои ҳавз бол афшонда, интизор истоду сипас аз қафои ароба парида, вақте аз дарвозаи Хуҷанд берун шуданд, ба боми гардуна нишаст. Аз он ҷо ба китфи кадбону гузашт…

      * * *

      Бимастура аз дарвозаи ҳавлияш даромадан замон кабутарро раҳо кард. Паррандаи хастагашта муддате қанотак зада, пешу қафо роҳ гашту фиррӣ парида, ба шаҳтоки айвон баромад. Боҳаловат нишаста, «курр-курр» садо баровард. Кадбону сармаст аз суруди кабутар каф-каф биринҷу арзан ба пешаш пошид ва бозавқ хурӯшид:

      – Хуш умадӣ, кафтари бахтоварам! Акнун хунаи ман – лунаи ту. Кошунаи ман – ошюнаи ту. Майли хотир боли парвоз кушо!

      Кабутари умедро кадхудои хонадон Абдулсайид ҳам хуш пазируфт. Устои гулдаст ҳама корашро як тараф монда, дар кунҷи бом барои ин паррандаи биҳиштӣ кафтархона сохту дар саҳни ҳавлӣ патвоз – ду шохи сафедор ба замин кӯфта, навдаи аз нарангушт ғафстари бедро болочӯб намуд, то нишемангоҳи кафтар шавад. Ҳам дар боло ва ҳам дар поён обу дони беҳтаринро фаровон фароҳам овард.

      Ҳафтае нагузашта, кадбону ва кабутар ба ҳам унс гирифтанд. Паррандаи саҳроӣ тадриҷан хонагӣ ва дастомӯз шуд. Бетарсу ҳарос ба хона медаромад, болои сандалӣ мебаромад, сари китфу рӯйи зону менишаст. Андактар кор ба ҷое расид, ки кадбону ва кабутар якҷоя – аз як табақ ғизо тановул мекарданд. Ва рӯзе, ки кадбонуро нишони фарзанд падид омад ва ӯро узри занон баста шуд, қариб буд ба маҳфили онҳо боз як парранда ҳамроҳ шавад.

      Лаҳзаи офтоббаро Бимастура дар шохи дарахти мирсанҷалӣ, ки ширинтарин зардолуи Ворух ба ҳисоб мерафт, мурғаке дид зарринболу зебопайкар, хурдҷусса, аммо бовиқор. Беист аз як шиппа ба дигараш ҷаҳида, мисли булбул чаҳ-чаҳ мезад фораму гӯшнавоз. Кадбону ба шавқ омада, дасти рост саҳле боло бардошт, ба умеде, ки паррандачаи зебо рӯйи кафаш биёяд. Вале мурғак рост ба кафтархона париду лаҳзае гирди кабутар парвона шуд. Аз обу донаш насиба гирифту босуръат ҷониби кӯҳи Душоха парвоз кард.

      Овози шавҳар зани ҳайратзадаро ба худ овард:

      – Рӯзат бахайр, бонуи дилам! Чаро дар мобайни ҳавлӣ сутун гаштаӣ?

      – Дар шохи мирсанҷилӣ ҷинқарча дидаму…

      – Ҷинқарча не, бонуи дилам, шахиш вай. Номи дигараш шахпарак. Ман ҳам дидам – аз субҳдамодам пештарак

Скачать книгу