Скачать книгу

осмон Ҳазрати олимақом ба саҳобаҳо чизҳои дар меъроҷ дидаю шунидаашро нақл карду он рӯҳи дилписандро ёдовар шуда, афсӯс хӯрд, ки писархондашро дида наметавонад. Товуси Ҳарамайн ном саҳобаи ҷавон, ки хидматгузори ду масҷиди бузурги Маккаю Мадина буд, дарҳол аз ҷой хест ва бо сидқу тавозӯъ гуфт:

      – Агар иҷозат шавад, ман тайёрам, ки сабр пеша гирам, то рӯйи мубораки писархонди азиз бубинам ва пайку паёми Шумо ба вай расонам.

      Азми ҷазми ёри вафодор Ҳазрати олимақомро хушнуд гардонд ва даст ба дуо бардошта, аз Парвардгори олам барои Товуси Ҳарамайн умри пурбаракат талабид. Дуо мустаҷоб гашт ва саҳобаи гиромӣ мисли Хоҷаи Хизр умри дароз дида, пайку армуғони Пайғамбари оламро ба дасти писархондаш дар синни ҳафтсолагии ӯ супорид.

      – Вай чиҳо супорид?

      – Ҳар кас ҳар чӣ мегӯяд, ҷони амак. Аз хурмо сар карда, то тиру камону китобу тасбеҳ чизҳои бисёреро ном мебаранд. Лекин шахсиятҳои ҳолдон ин рӯйдоди раббониро як гуна тафсир додаанду агар мароқ дошта бошӣ, ихтисоран нақл мекунам.

      – Муфассал гӯед, амак, қиссаи дароз роҳи дарозро кӯтоҳ мекунад.

      Аз тасвири муфассали амак Бимастура баръало дид, ки Шамсиддини ҳафтсола ҳамроҳи падараш дар суфакати таги боғи ангур нишаста, сабақ меомӯхтанд. Ғафлатан тири камоне фуруд омада, бар замин парчам шуд. Падар безобита гашта, бо овози ларзон гуфт:

      – Ё наузанбиллоҳ! Боварам намеояд, ки нохалафе сӯйи мо тир кушода бошад. Шояд тири марди шикорӣ хато хӯрдааст?

      Писари ҳафтсола ором нишаста, бо табассуми беғаш ба рӯйи падар нигарист ва бо лафзи кӯдакона хитоб кард:

      – На ину на он, дадо! Касе, ки тир паррондааст, маҳбуби Худо ва дӯсти беҳтарини мост!

      – Чиҳо мегӯйӣ, ҷони дадо: дӯст ба сӯйи дӯст ҳаргиз тир накушояд! – шайх Нуриддин саволомез, ҳатто бо андак изтиробу тавалло ба чашмони шӯълапоши фарзанд нигарист. – Ё… ин кори ягон ҷӯраи камонбози туст?!

      – Неъ. Чунин гуфтан нашояд, падари гиромӣ.

      – Пас, чӣ бояд гуфтан, писарам?

      – Касе, ки тир паррондааст, ба суроғи ман омадааст. Моро пеши худ мехонад… Гӯш кунед, дадоҷон, андар дили шаб Пири шукӯҳманде ба хоб дидам, ки бо тавозӯъ пеш омаду аввал дасти сила бар сарам ниҳод ва сипас хурмои тиллоранге ба кафам ниҳоду гуфт: «Ассалому алайкум, эй писархонди Пайғамбари Худо! Ин меваи биҳиштӣ бихӯру ором бихоб ва рӯзи дигар чун тири камон наздат афтад, зуд бархезу ҳамроҳи падар ҷониби мо биё ва дигар амонатҳои пайғамбарӣ аз мо биситон». Каломи хайрбод ба забон наоварда, нопадид гардид…

      Даме, ки тири камон пешамон афтид, фаҳмидам башорате аз Ҳақ Таъолоҳ нозил гаштааст.

      Эй дадоҷон, биёед, зудтар биравем, ки бузургворе чашм дар роҳи мост…

      Хотири парешони падар то андозае ҷамъ гардид, вале изтиробу ғалаёни дил торафт боло мешуд. Зери лаб «писари ман…писархонди пайғамбар… Худоҷон, чӣ хушбахтӣ!» гӯён аз тарзи афтидани тир муайян кард, ки камонвар дар самти қибла мавқеъ дорад. Зуд ба роҳ баромада, дар назди масҷиди маҳаллаи Арабон марде дар либоси қадима диданд кӯтоҳқомату сиёҳҷурда бо мӯйи сафеде чун кофур.

      Шутури

Скачать книгу