Скачать книгу

Хуҷанд амакдухтарам Назокат аз барам ҷудо намешуд. Лекин дар Ворух мисли бегонаҳо худаша аз ман дур мекашад. Дина сабаб пурсам, гуфт, ки «ҳама дар ғайбат туя бо кароҳат «Парихон» меноманду «паридор аст аз сиришт» мегӯянду якҷоя таом хӯрдана ор медонанд». Оё ин гап рост аст, додоҷун? Ман кистам?! Наход ман Парихони дуюм шавам?!

      –Аз он каҷназар хафа нашав, ки каҷбаҳсу каҷандеш аст! Умуман, аксар духтарҳо бахилу нотавонбин мешаванд – аз худашон хушрӯю парирӯю нозанинро чашми дидан надоранд. Аз дунболаи гап нарав ва шишадил нашав, духтарҷон, боз андак таҳаммул намо…

      – Не, додо, дигар таҳаммул карда наметунам! Дар чаманистони Ворух бо хору хас дигар якҷо буда наметунам. Ва намехоҳам!

      – Духтарҷон…

      – Маро сарзаниш накунед, додоҷун! Азобу кулфати кашидаам бас… Дар ҳар маҳфиле хоре ба дили ман мехалад… Ранҷу азоб то кай? Дигар тоқат надорам, додоҷун! – Нигина худро дошта натавониста, аз мағзи ҷигар навҳа кашид. Абдулсайид сарҳисоби гапу корро гум карда, бо дасти навозиш сари духтарро беист сила менамуд ва барои тасаллӣ калимаю ибораи таъсирбахш меҷуст.

      – Гиря накун, духтарҷон. Бас! Худатро ба даст гир. Илоҷи корро меёбем… Андаруни дилат ин қадар дарду доғ будаасту ман бехабар…

      – Аз ин зиёдтар тоқати дарду доғ надорам, додоҷун! Ягона пушту паноҳу чорасозам шумо… Сӯзи дил дигар ба кӣ мегӯям? Дар авлодамон ғайри шумо дигар табибе нест, ки дили ниммурдаи мана зинда гардунад. Ба додам расед, додоҷун!

      – Гуфтам-ку, гиря накун, илоҷашро меёбем.

      – Ман ба шумо бовар дорам, додоҷун! – Нигина бо остин ашки чашмонашро пок карду якбора меҳраш ба падари меҳрҷӯ ҷӯшид магар, ки сар ба китфаш гузошта, бо оҳанги савганд гуфт: – Шумо ҳам ба ман бовар кунед – ваъда медиҳам, ки ҳеҷ вақт аз гилеми худ дуртар по дароз намекунам! Фақат илтиҷо дорам, додо, коре кунед, ки аз ин пас дигар ҳаргиз рӯйи худро бо оби дида нашӯям…

      – Дилпур бош, духтарҷон! Дилатро обу адо накун ва бархезу ба беҳрӯзӣ умеди дил қавӣ дор! Худо туро аз захми чашм ва бухлу ҳасад дар паноҳаш нигаҳ дорад, духтарҷон! Ҳар ҷое, ки бошӣ, умрат бекарону судат безиён бод! – чароғи меҳрубониро баландтар фурӯзон кард Абдулсайид. – Ба устои гулдаст фурсат деҳ, то тадбири савоб бо дили хуш андешад. Қасам ба Худо, тадбири корат ончунон созам, ки ба мақсаду таманнои дилат бегазанд расӣ ва ҳар куҷое қадам ниҳӣ, гул шукуфад…

      Нигина бар қавлу қасами падар мутмайин гардиду бо хотири ҷамъ хуррамдил аз устохона берун омад ва ба пеши Очанурӣ баргашт. Вай акнун аз шодӣ дар Ворух намеғунҷид…

      * * *

      Рӯзи сеюми сафар, вақте ки аз нури офтоб олам мунаввар гашт, аробаи мӯҳташам ва муҷаҳҳази Аҳмадсайид ба дарвозаи Хуҷанд расид. Дарзамон чеҳраи Нигина кушода гашту нафаси гарм аз дили пуроташ берун оварда, Назокатро нихта намуд, то аз хоби ғафлат бедор шавад: «Хез, амакдухтар, ба Хуҷандшаҳр расидем!» Ин бигуфту саволомез ба Бибинурӣ нигарист, ки дона-дона тасбеҳ гардонда, ҳар замон ба атроф назар меафканд. Вай хитоби духтари беқароргаштаро шунидан ҳамон «Алҳамдулиллоҳ, ки сиҳату

Скачать книгу