Скачать книгу

падар дур гурезонда, мубоҳисаи болои аробаро ба ёд овард, ки оғозаш аз ҷумлаи таҳсиномези Абдулмаҷид буд: «Қандаша занад, Мирмалик, як олам бойигариро аз Исфара ба Хуҷанд бурд!» Мадҳи шоирро Назокат тарзи дигар шарҳ дод:

      – Агар пули амакаму падарама ягон одами бегона мегирифт, лав-лав сӯхта, биҷӣ мешудам. Хайрият, ки мукофот ба одами худӣ – Мирмалики ба ҷону дил баробарам насиб кард!

      – Оҳистатар! – аз остини хоҳар кашид Назорат. – Саҳл худатро нигаҳ дор. Маънои гапат ганда…

      – Ганда не, нағз! Мирмалик худаш бачаи нағз, қаду қоматаш нағз, чашму абрӯяш нағз, хандидану гап заданаш нағз, боз… аспу аспсаворияш, камону тирпарронияш нағз! Ин қадар нағз ҳеҷ вақт ганда намешад. Ҳар кӣ ганда гӯяд, худаш ганда!

      Таънаи Назокат ғаши Назоратро оварду кашмакаши хоҳарон то Чоркӯҳ тӯл кашид. Оқибат ҳар ду сулҳ бастанду ба Нигина часпиданд. Сабабгор боз шоир Абдулмаҷид гардид. Вай хоҳаронро ба ифоқа оварданӣ шуда, гуфт: «Ҳар дуятон ҷон коҳонда, Мирмаликро ба осмони ҳафтум мебардореду лекин вай ба ҳеҷ кадоми шумо лоақал ягон гапу ҳарфи нағз нагуфтааст. Вале ба Нигина се бор тӯҳфа додаасту вай ба лабаш кулӯх молида, ҷим шиштааст. Аз Нигина ибрат гиред!»

      – Ҷим нашишта, чӣ кор ҳам мекунад? – дарҳол оташ гирифт Назокат. – Он тӯҳфаҳо азони Мирмалик не, супориши дигарҳоя иҷро кардагӣ вай…

      – Тӯҳфаи наврӯзӣ чӣ?

      – Ҳамун се хурӯсқанд?! Оъ… ба ҳар сеямон яктоӣ дод-ку…

      – Не, тӯҳфаи ҳозирҷавобӣ буд.

      – Агар Нигина маҳмаддоноӣ намекард, худам ҷавоб мегардондам… Хайр, бало ба паси хурӯсқанд! Аз ин баъд Мирмалик беҳтарин тӯҳфа ба ман медиҳад.

      – Чӣ хел?

      – Ба падарам мегӯям, ки аз Хуҷанд ҳавлӣ харанд. Бо Мирмалик ҳамсоя, ки шудем, тӯҳфа додану гирифтан кори осон…

      – Хаёли хуш, вале амри муҳол аст! – хандид Нигина ва оташи баҳс баландтар забона зада, то Ворух хомӯш нашуд…

      – Чаро баҳси моро нашикастед, додоҷун?

      – Андеша кардам, ки агар ҳарфе гӯям, Назокати арбадаҷӯ ғавғо то осмон мебардорад…

      – Назокат арбадаҷӯ не, додоҷун. Вай бечораҳол… Намедунад, ки сараша ба куҷо занад…

      – Бойдухтар бечораҳол намешавад, духтарҷон!

      – Мешавад, додоҷун. Аз ин ҳам бадтар мешавад. Баъди баҳси ароба аҳволи Назоката дида фаҳмидам, ки агар духтар ошиқ шавад, ба балои азим гирифтор мешудааст!

      – Аз ҳад зиёд шав-шав накун, духтарҷон. Вай куҷою ошиқӣ куҷо!? Аз даҳонаш бӯйи шир меояду…

      –Ман дурӯғ намегӯям, додоҷун. Худаш гуфт, ки: «дилам девона шудагӣ… Агар Мирмалик пеши назарам ояд, сарам чарх мезанад… Агар номи Мирмалика шунавам, гӯшам метафсад».

      – Ин хел гапҳо гуфта бошад, вай ошиқ нею девона шудагӣ!

      – Очакалонам мегуфтанд, ки ошиқу девона якест!

      – Ман ҳам шунидаам, духтарҷон. Лекин… ҳамон очакалонат мегуфтанд, ки духтари қадрас моҳе се рӯз девона мешавад. Се рӯзе, ки мо ба Исфара рафта омадем, шояд айни ҷунуни вай буд, ки гузашту рафт!

      – Не, додоҷун, ба гузашта салавот гуфтан барвақт. Чунки Назокат якравона рӯ ба Хуҷанд дораду алангаи дилаш рӯз ба рӯз баландтар

Скачать книгу