Скачать книгу

эй мурғдили оча! Агар бех суст шавад, шоху барг дар як мижазанӣ пажмурда мегардад. Мебинам, ки туро хун ба ҷӯш омада, дар унуфони камолот қарор дорӣ. Азбаски дар бӯстони балоғат тозабаргӣ, дар синаи қалбат асло ғамро ниҳон надор! Фаромӯш накун, ки дили раҳмгин пайваста ғамгин аст. Зиндагӣ шодӣ асту шодӣ кардан ҳунар!

      Аз сухани гарму нарми кампири хушлаҳҷаи хирадрутбати хуҷандӣ, ки аллакай кулли занону духтарони Ворухро беғараз маслиҳатгар шуда буд, Нигинаро ойинаи замир андак равшан гардид, аммо аз замин чашм наканда, нимғурма овоз баровард:

      – Ба мулки дилам роҳи дуруст кушодед, эй очаҷони хуҷандӣ. Баъди аз Исфара омадан маро он дили пешина бо худ нест… Тарсам аз он аст, ки модар маро барои дили гумшуда сахт сарзаниш мекунад…

      – Агар ҳолат чунин аст, туро сукут раво набошад, эй духтари оча! Алҳол маслиҳат ин бошад, ки аввал ба падар рози дил кушой, ки устои зирак, марди оқил ва падари меҳрубон аст…

      – Сирри дил аввал ба модар нагӯям?!

      – Ҳолӣ не, ҷони оча! Агар хоҳӣ, ки орзу дар дилат фурӯ нашиканад, саросема нашав. Ҳама медонем, ки дили модар бузург асту моломоли меҳр нисбат ба духтар. Вале на ҳама медонанд, ки ин дили бузург саршор аз тарсу ҳарос аст нисбат ба тақдири духтар. Агар модар дил бохтану дил гум кардани духтарашро фаҳмад, аз тарси қаҳру ғазаби падар ҳама кори аз дасташ омадаро мекунад, то сир пӯшида монаду духтар ба балои азим гирифтор нашавад. Яъне бо ҳазор шеваю усул дили туро меёбаду дарҳол пеши обро мебандад, то домани касе тар нагардад…

      Маънии суханҳои маро фаҳмидӣ, ҷони оча?

      Нигина дарҳол ҷавоб нагардонда, аз равзана хаёломез ба кӯҳи Тешазадагӣ нигарист. Қиссаи ишқи Фарҳоду Парихон ёдаш омад, ки маҳз аз дасти падар муҳаббати думбурида шуд. Дилаш таҳ кашиду ба лаби нозукаш ларза афтод:

      – Агар падар суханро дарҳол қайчӣ занаду гӯяд, ки «Раву дар хона иму ҷим шин, ошиқӣ кори ту нест!» он гоҳ чӣ мешавад? Оё об аз сар хушк намешавад?!

      Очанурӣ мулойим хандид:

      – Агар бе ҳеҷ муқаддима, бараҳнаю пӯстканда гап занӣ, арраҷавоби арзанда мешунавӣ, гӯсолаи оча! Фарқи духтарак аз писарак ҳамин, ки гапи ширин дорад, нозу ароз дорад, лабханду оби чашм дорад…

      – Агар ҳамроҳ равем, намешавад?

      – Не, духтари оча! Агар ба ҷойи ту ман гап занам, шубҳаю гумон пайдо мешавад, ки кампираки ҳафтодусесола духтарчаи сенздаҳсоларо бероҳа карданист…

      Агар хоҳӣ, ки орзую ҳавасат ғӯраи сармозада нею ҳалвои ширин гардад, бо лутфу ҳарфи ширин ҳамсӯҳбати падар шав, ки яқин, дастафшонию пойкӯбиҳои туро кайҳо дидаасту шояд интизорат бошад. Зеро нозпарвари падар ҳастию мекӯшад, ки ҳаргиз дилат озоре наёбад…

      Хез, духтари оча, пеши падар рав! Оқилон гуфтаанд, ки «кас нахорад пушти ман, ҷуз нохуни ангушти ман!» Ханда дар лаб, бебок рав. Асло фаромӯш накун: ҳар духтаре, ки ба дили падар роҳ ёбад ва доманашро маҳкам дорад, Худо ӯро ба мақсад мерасонад! Зеро модар бо ҳама бузургӣ назди падар муштипар аст, ҳақ надорад, ки сухани ӯро гардонад ва ҳад надорад, ки аз хати кашидааш берун по ниҳад…

      Нигинаи дилзада аз суханҳои талхнамо,

Скачать книгу