Скачать книгу

офарин мегуфтанд. Фақат Холмат истисно буд – лаҳзае гунгу лолу карахт истоду якбора хуни сараш ҷӯшид ва аз шиддати ғазаб зангии занг шуду камони садманӣ ба замин зада, онро лагадмол карда, бо дили пурғам ва сари хам аз аспрез рӯ ба гурез ниҳод…

      Ҳеҷ кас, ҳатто Аҳмади Хушмӯйлаб, ӯро нигоҳ надошт. Баръакс, ҳар ду сарпарасти озмун мурғобивор роҳ гашта, бо чеҳраи хандон пеши Мирмалик омаданду бонавбат ба оғӯш кашида, аз сидқи дил табрику таҳният гуфтанд. Аҳмадсайид, ки аз шодӣ дар пӯсташ намеғунҷид, дар пешорӯ аробаи худаш ва назди он нури чашмонашро дида, онҳоро ба Мирмалик нишон доду оҷил сӯяшон шитофт.

      Садои гӯшнавози ҳокими Исфара дар фазои Моҳпарӣ бори дигар танин андохт:

      – Мирмалик ибни Мирраҳмати Хуҷандиро Худованди меҳрубон мададгор ва бахти баланд ёр гашту бо нерӯи ҷавонмардӣ вориси арзандаи Рустами Достон будани худро исбот кард ва ғолиби мутлақи сабқати Исфара шуд!

      Зиҳӣ шоҳсавори чобуктарин ва камондори беҳтарин!!

      Аҳли аспрез баробар «Зиҳӣ, Мирмалик!!» гуфтанду ин таҳнияти шоҳаншоҳиро дар атрофу акнофи Исфараю Хуҷанду Истаравшану Бухорою Самарқанд ҳама шуниданд.

      Ҳокими Исфара бо ду дасти адаб ба шаҳсавори шоҳчеҳра ду нори муқаддаси оламтоб ва ду киса зари холис ҳадя карду овозаи ин тӯҳфаи олишон аз канораи Мовароуннаҳр баланд хеста, Хуросону Хуталону Арабистону Фарангистон ва Чину Мочину Ҳиндустонро фаро гирифта, то гӯши Муҳаммади Хоразмшоҳ ва Чингизхони муғулнойон расид ва ҳар ду дар орзуи чунин размандаи аспафкан шуданд…

      Мирмалик шоду масрур ба Рахшони машҳур савор шуда, ду кисаи зар ба зини асп овехту ду нори муқаддас ба дили даст гузошта, боло бардошт. Ҳама баробар даст баланд карда, беист «Зиҳӣ, Мирмалик!» мегуфтанд. Духтарон низ ҳамранги ҷамоат буданд ва кайҳо аз ароба фуромада, маҳбуби худро ситоиш мекарданд.

      Нигинаи гулпераҳан дар сафи пеш меистод, зеро нисбати дигарон шодию сурури беш дошт. Ду рӯяш мисли гули анор шукуфон буду лабони нордонаш дар васфи ғолиби сабқат дурру гуҳар мерехт.

      Вақте Мирмалик ду анори муқаддасро баланд бардошт, Нигина ҳам дар пайравии дигарон дастонашро боло намуд ва маҳз дар ҳамин лаҳза онҳо ҳамдигарро диданду шинохтанд. Дилбараки хубрӯи мавзунқомат чашму абрӯи Золи зар, мӯйлаби навдамидаи шоҳписар ва чеҳраи хандони чобуксавори пурҷигар баръало медид, аммо ҷавон чунин имконият надошт – чеҳраи духтар зери ҳиҷоб нонамоён буд.

      Ба ҳоли Мирмалик раҳми Моҳпарӣ омаду оҳ кашид. Дарзамон аз ҷониби нишемангоҳи маликаи дашт шамолаки шадиде вазид ва гиреҳи корро кушод: парда аз рӯи гулпарӣ париду гесӯи шоназада, холи мушкину абрувони пайваста, рухсораи гулнору чашмони олуранг, лабҳои нордона ва садафдандони дона-дона чашмони равшани ҷавони аспафканро шефта гардонд.

      Боди мурод пероҳани нафисро ба тани нозукбадан часпонду чашмони шефта дар бари духтари наврасида ду анори навдамида дид ва ба шигифт омад.

      Ба шигифт омаду анорҳои муқаддасро тарафи духтар алвонҷ дода, шӯрангез хандид…

      Хандаи дили ҳассос ва шефтаю шайдо чунин маъно дошт: ғолиби Моҳпарӣ тайёр аст, ду

Скачать книгу