Скачать книгу

Исфарангӣ!

      Ғулғули мардум аз аввала бештар гашту дугоникҳои чеҳрахандони ҳамқаду баст аз самандҳои якхелаи ҷигарранг баробар ба замин ҷаҳида ва даст ба сандуқи сина ниҳода, баробар сари таъзим фуруд оварданд. Аз ин амали озодамардҳо ҳам эҳтироми муштариён ва ҳам таваҷҷӯҳи ҳамагон дучанд гашт.

      Мунодӣ ба аспрез ворид шудани Нӯъмон ибни Амири Кандиро ботантана эълон карда, илова намуд, ки ҳафт пушташ судур асту паҳлавон ва Бачашер лақаб дошта, се карат зафарманди озмуни пештозӣ шудааст. Муштариён ӯро бо хушҳолии оммавӣ пазироӣ карданд, аммо Назокат боз бо лаби каҷ эрод гирифт:

      – Аспаша бинед, аз хари мо хурду аз гурбаи ҳамсоя лоғар!

      Ҳақиқатан ҳам аспи зарди хурдҷуссаи чашму сараш майда ва думкӯтоҳи Бачашер назарногир менамуд. Вале кам касон медонистанд, ки гардани тахтаю сермушак, бинии васеъ ва пойҳои чандири саманд нишонаи беҳтарини зоти аспи саворӣ ва шикорӣ аст. Абдулмаҷид, ки инро медонист, ба духтарон фаҳмонд:

      – Аспи Бачашер шербача аст! Ҳар касе бо чунин чоргома ҳамсафар бошад, бар сари ӯ бахту толеъ нуру зиё мепошад.

      – Ин хелак не! – якравона хитоб кард Назокат. – Аспи Мирмалик аз ҳама беҳтар! Вай аз ҳама баландахтар!

      Духтарон хандиданд ва фаҳмиданд, ки Назокат бо тамоми вуҷуд ҳаводори Мирмалик асту ё аз нодонӣ, ё аз доноӣ ҳиссиёти худро пинҳон дошта наметавонад. Дигарон низ тарафдор ва иштиёқманди ғалабаи ин ҷавонмарди ситорагарму меҳрубон буданд, вале ҳавопарастӣ накарда, мекӯшиданд, ки пеш аз пода чанг набардоранд. Нигина, ки аз дасти кушоди ин ҷавони нозанин аллакай се дастовези дилнишин гирифта буд, дар аспрези бузург фақат ӯро медиду ҳар ҳаракаташро бо дидаи пурмеҳр менигарист ва дуои неки Шайх Бурҳониддини Валиро ҳангоми гусел аз Ворух зери лабҳои хомӯш гаштаю баргашта такрор мекард: «Туро, ҷиянам, дар аспрези Исфара бахти фирӯз дастёр, арвоҳи қудсӣ дасткор, ситораи само пешкор ва Худои меҳрубон мададгор бод!»

      Оре, Нигина аз мағзи дилу ҷон роғиб ва хайрхоҳи Мирмалик буду ин пагоҳ баробари ба аспрез даромадани ӯ ҷабини мубинаш дурахшон ва гули рӯяш арғувон гашту аз шодию ҳаяҷон дасту по гум карда, нафас дар гулӯяш печид. Вале дарҳол изтироби дилро фурӯ нишонда, рози хеш сарбаста дошт. Зеро хуб медонист, ки ҷуз нигоҳи гарму ихлоси самимӣ ва дастафшонӣ ӯро дигар дастовез нест.

      Нигинаи саргарм аз андеша беихтиёр хуршедро нигарист, ки аллакай як қади найза баланд баромада, саховатмандона нур мепошид ва насими саҳариро ба гармбод табдил медод. Баробари боди дайду нидои мухтасари «Омад!» аз талу теппаҳо гузашта, то ароба расид. Духтарон гумон карданд, ки ҳокими Исфара бо аҳли рикобаш омад. Вале ба аспрез як савори бадвоҳима даромад, ки чакману кӯлоҳ аз намади сиёҳ пӯшида буду болои ҷирани гардандарозу шонапаҳне бовиқор нишаста, дуздвор ба ҳар тараф менигарист ва беист гоҳ ба чапу гоҳ ба рост оби даҳан туф мекард. Ӯро дидан ҳамон аз ҳар даҳон овозе шабеҳи уллоси шағол баланд шуд, ки аз нафрату бадбинии умум дарак медод.

      – Ин пашминапӯши бадҳайбат кӣ? – пурсид Назокат, ки дар зери забон наштари бисёр дошт.

      – Рақиби

Скачать книгу