Скачать книгу

гирифт, ҳама дар тараддуди хоб шуданд. Мирмалик тибқи одат пеши Рахшон рафта, гардану тахтапушташро хорумол карду лундақанде хӯронда, хотирҷамъ болои кӯрпачаи дар алафзор густурда дароз кашид. Муддате рӯйболо хобидаву аз осмони софи пурситора чашм наканда ва шохчаи зағосаро ҳар замон шамида, гапу рӯйдодҳои хелмахели имрӯзаро бо ғалбери хаёлангез покбезӣ намуд. Аз ҳавои серун чуқур-чуқур нафас кашида, ҳис кард, ки чашмаш гарм мешавад. Оҳиста ба паҳлӯи рост гашту зери лаб «дами субҳ бо оби Сияҳкӯл шинос мешавам» гуфт ва осуда хоб рафт…

      …Шиноварӣ дар хуни Мирмалик ҷорӣ буду аз бозе, ки худро мешинохт, аз таҳсилу кор фориғ шавад, ба соҳили дарё метохт ва худро бо як ҷаҳон шавқу шодӣ ба оғӯши оби гуворо ва ҳаловатбахши Сайҳун меандохт. Рӯзе ҳаво бениҳоят гарм ва дам шуду ҳарчанд кӯшид, саҳифае хонда натавонист. Лоҷарам аз устоди дабиристони ашрофия Абдуҷаббори Хуҷандӣ илтимос кард, ки соате истироҳат фармояд, то шогирдон майнаҳои гиҷгаштаро бо оби Сайҳун чайқонда, коршоям намоянд. Устод хандиду гуфт:

      – Лаҳзае қабл аз хаёл мегузарондам, ки касе ишора ба Сайҳун кунад, дарёнавол аст. Маълум мешавад, ки наволаи ту аз дарёст!

      Устод ва шогирдон чун бар лаби дарё расиданд, ҷавонон шарму одобро ҳамроҳи худ ба об афканда, дар тунукобаҳо чун ғукчаҳо дасту по мезаданду шавқун мекарданд. Мирмалик аммо ба онҳо ҳамроҳ нашуду аз устод Абдуҷаббор иҷозат пурсид, ки то ба он соҳил шиновар рафта ояд.

      – Дарё паҳновару гирдоб хатарнок нест магар?

      – Не, устод. Маро аз хурдӣ одат аст, ки ҳар рӯз як маротиба Сайҳунро убур када, беист ба ин соҳил баргардам – хоҳ тобистон бошаду хоҳ зимистон.

      – Аҳсан ба ту, дарёнавола! Лекин, ба ҳар ҳол, эҳтиёт бош. Бо Сайҳун шӯхӣ кардан хатост!

      Шогирд «хуб» гуфту либос бадар кард ва хост аз баландӣ худро ба об ҳаво диҳад. Вале… дар пеши чашмаш дарё тағйир ёфту паҳну васеъ гардид, рангаш мисли осмон нилгун шуд. Яъне, Сайҳун ба Сияҳкӯл табдил ёфт. Азбаски Мирмаликро аз раъйи худ гаштан одат набуд, бедаранг ба об парид.

      Аз оби сарду тоза танаш роҳат карду покию беғуборӣ имкон дод, ки нотарсона чашмонашро кушода, ба гирду пеш нигарад. Хуш шино мекарду лаҳза ба лаҳза шефта мешуд ба оби зулол, ки бо ҷилою равшании худодод олами дигаре пеши назараш ба ҷилва овард. Аввал гули обие дид, ки на барг дошту на реша, сипас чанд моҳие ба назараш намуд тиллоранг. Ва боз сангпуште диду садафу гавҳару марвориди бешумору рангоранг. Баъд гули зарде пешорӯяш баромад, ки дар оби каб-кабуд аҷаб зебою дилписанд метофт.

      Мирмалик торафт нафастанг мешуд, лек дандон ба дандон совида, обнавардӣ ва тамошои олами нафосат идома медод.

      Баногоҳ манзара тамоман дигар гашту як села моҳию моҳичаҳо ҳаросон аз паҳлӯяш гузаштанд. Аз думи онҳо моҳии бузурги даҳшатафкан шино мекард ва чун наздик расид, Мирмалик баръало дид, ки он наҳанг нею аспи сиёҳи обист!

      Гапи Абдулсайид ёдаш омаду нафаскаширо фаромӯш карда, бо тамоми қувват дасту по зада, бо азобе ба тахтапушти лағжонаки саманди афсонавӣ нишаст, то шерафкан шавад.

      Нишастан ҳамон аспи обпар тезтар аз тири камони қодирандоз пеш парид ва дар як мижазанӣ шаҳсавори худро

Скачать книгу