Скачать книгу

роҳи морпечи оҳугузар ҳам ба охир расид ва дар пеши чашмон Сияҳкӯл намоён шуд. Мирмалик, ки худро фарзанди дарё меҳисобид, чунин обанбори бузургро бори аввал медид. Тахмин муайян кард, ки бари кӯл нисбати Сайҳун чор-панҷ карат паҳновар аст, аммо ҳарчанд кӯшид, охири толобро дида натавонист.

      – Мегӯянд, ки аввали кӯл дар Воруху охираш дар Кошғар, – шарҳ дод Абдулмаҷид. – Агар киштӣ бошаду беист ҳаракат кунад, ин масофаро дар як шабу рӯз тай мекунад.

      – Расо воҳима кардӣ, ака! – ханда бар лаб эрод гирифт Сабзалӣ. –Иқа оби бисёр ай куҷо меёя??

      – Аз оби дидаи абр андаку бештар аз гиряи пирях. Дар буни Сияҳкӯл яхдони бузургест, ки ҳар яхпорааш як кӯҳи азимро мемонад!

      – Нахо-од?!

      – Абдулмаҷид дуруст мегӯяд, – ба мубоҳиса пайваст Шайх Бурҳониддин. – Аз ин яхчол чор дарёи кӯҳӣ ба чор самти дунё меравад. Яке рӯди Ворух, ки то Сайҳун мерасад. Рӯди дуюмӣ аз Раштонзамин сӯйи Ҷайҳун ҷорӣ мешаваду сеюмаш як шохоби Норин асту чаҳорумаш аз кӯҳистони Масчо ба Зарафшон мерезад. Агар тарзи дигар гӯем, аз яхдони Ворух ба чор тарафи олам гузаргоҳ вуҷуд дорад…

      – Илтимос, тағоҷон, як нафас таваққуф кунед, – нохост ба тавалло даромад Мирмалик. – Дар китоби тарассул хонда будам, ки «роҳи махфии маълумотрасонӣ байни афшину ихшидҳои суғдӣ аз Ворух мегузашт». Лекин дар чанд навиштаи сайёҳону ҷуғрофидонҳо ҷумлаи «деҳаи Ворух канораи Мовароуннаҳр» хонда, саргаранг будам, ки ба кадоме бовар кунам. Ана акнун ҳақиқат то андозае аён гардид.

      – Барои он ки шубҳаат пурра бартараф шавад, як рӯйдоди таърихиро нақл мекунам, – шоирона гап сар кард Абдулмаҷид. – Бобоҳои мо ривоят мекунанд, ки як ҷосуси подшоҳи Суғд Деваштич маълумоти пурқимат дошт, лекин азбаски Самарқанду Истаравшанро лашкаркаши араб Қутайба ишғол карда буд, илоҷи аз он сӯ ба Зарафшон гузаштан наёфта, чапғалат ба Ворух омад. Бо роҳбаладии чӯпоне то яхдон расид. Вале аз сардии ҳаво тоқаташ тоқ гашту маълумотномаи махфиро ҳамроҳи як халтача зар ба дасти чӯпон дод. Яъне, вайро киро карду дар варақе шарҳнома навишт: «Хоҷа, ман Фатуфарн, туро паёми сард мерасонам, чунки дар болои пирях қарор дораму яккаву танҳоям, либоси гарм надорам. Ба рафтан ҷуръат намекунам. Чунки аз хунукӣ сахт метарсам».

      – Чӯпон чико кард? – бетоқатона пурсид Сабзалӣ.

      – Роҳро, ки хуб медонист, рӯ-рӯи пирях аз ағбаи Масчо гузашту то Панҷакат – қароргоҳи Деваштич расид ва боз як халтаи зар ҳадя гирифта, сиҳату саломат ба Ворух баргашту бою бадавлат шуд…

      – Офарини у чупон, ки бузбала будай! – ҳамранги дигарон лаб ба табассум кушод Сабзалӣ. – Фаҳмидум, ки ай Ворух ба ватани ман роҳ будай, леки хунуку тунук. Яъне, душворгузар будай. Леки ҳеҷ нафаҳмидум, ки чӣ ов аст ин! Обе равонай ё мурда? Бадиққат ови кӯла бинед – каб-кабудай, кӯҳҳои атроф, талу теппаҳо сабзи банурай, қуллаҳои барфпӯш сап-сафедай, дар ягон ҷо сиёҳӣ нестай, леки… барои чӣ Сияҳкӯл номуш кардиян?!

      – Ман ҳам ҳайрон! – китф дарҳам кашид Мирмалик. – Аз тамошои обу осмони нилгун, арчазори сабзу марғзори хуррам ва кабудизори махмалӣ

Скачать книгу