Скачать книгу

Фаҳмид, ки ҳафт «син»-себу санҷид, сиркою сабзӣ, самбӯсаю сипанду сир асту ҳафт «шин» – ширу шакар, шаробу шарбат, шамъу шонаю шиннӣ. Ин чизҳоро ба ду тарафи дастархон алоҳида-алоҳида гузошта, Моҳсимо бо тавозӯъ пеши Бибинурӣ омад:

      – Отунбуча, акнун расму таомули худамонро баҷо оред ва ба хони наврӯзӣ ҳафтгонаи хуҷандӣ гузоред.

      Дастордор аз дасти ҷавонзане косаи ордро гирифта, мобайни дастархон гузошту ба Бибинурӣ нигарист.

      – Дуо кунед, Отунбуча!

      – Парвардигоро, ҷумла бандагонатро аз ҷурму гуноҳ пок намо ва осиёби зиндагиро бешикаст гардон!

      Ҳама баробар «Омин» гуфта, даст ба рӯй кашиданд.

      Моҳсимо косаи биринҷро паҳлӯи орд ниҳод.

      – Парвардигоро, ҷумла бандагонатро рӯзу рӯзии сершумор насиб гардон!

      Сипас косаи асал гузошта шуду чунин дуо садо дод:

      – Парвардигоро, ҷумла бандагонатро рӯзгори шаҳду ширин бирасон!

      Вақте як баста хӯшаи гандум ниҳоданд, Бибинурӣ дуо кард:

      – Парвардигоро, ҷумла бандагонатро фарзандони солиму солеҳ сершумор гардон!

      Моҳсимо ойина ба хон гузошту Бибинурӣ ин дуоро хонд:

      – Парвардигоро, дили ҷумла бандагонатро софу беғубор гардон!

      Дуои тухми мурғ чунин шуд:

      – Парвардигоро, ҷумла бандагонатро соҳиби тухми заррин гардон, аз тухми бадӣ эмин дор!

      Аз ҳама охир, бо эҳтиёту эҳтироми зиёд, Моҳсимо ба қалби суфраи Наврӯзӣ китоби «Қуръон» ниҳод. Бибинурӣ бо лаҳни форам ва пуртаъсир хитоб кард:

      – Парвардигоро, ҷумла бандагонатро ба ислому ба имону ба китоб мӯҳтарам гардон!

      Ҳама баробар «Омин» гуфта, даст ба рӯй кашиданду ҷониби Дарахти олам нигаристанд, ки он ҷо марде харсавор намудор шуд. Гирди дарахтро тоб хӯрда, себу нок, норинҷу туринҷ, кадую харбуза, тарбузу лаблабу, сабзию пиёз ва дигар меваҷоти дар шохаҳо бо ресмон басташударо бо ҳавас нигаристу гулҳои қоғазиро бӯй кашида, яке аз бозичаҳоро канданӣ шуд.

      – Вай девоная бинед! – Назорату Нигинаро бо оринҷ нихта кард Назокат. – Болои хар чаппа шиштас!!

      – Вай девона не! – дарҳол ҷавоб гардонд Гулсимо. – Вай мири Наврӯз!

      – Инаш чӣ гуфтанӣ гап?

      – Мир амир аст, яъне ҳоким, подшоҳ. Мири Наврӯз сарвари базми имрӯза аст ва ҳокимияташ як шаборӯзӣ давом мекунад. Ҳар чӣ фармояд, бечунучаро иҷро мешавад.

      – «Мур» гӯяд, мемурем?!

      – Вай асло гапи дағал намегӯяд. Мири Наврӯз хушсухан аст, мардумро механдонад ва хушҳол мегардонад. Аз ҳамин сабаб вайро Мири ханда ҳам мегӯянд.

      – Ана акнун ҳамааш фаҳмо. Сабаби ба хар чаппа нишастанаш маълум, масхарабоз будааст вай!

      – Бале, ба аспи фарбеҳ нею ба хари лоғар нишастанаш, ба ҷойи бози подшоҳӣ ба даст калзоғ гирифтанаш, ба ҷойи хидматгор худро бо бодбезан бод заданаш, ба ивази либосҳои гаронбаҳо куртаю шалвори кӯҳна пӯшидани мири Наврӯз масхараю мазаммати шоҳону амирони ҳавобаланд аст. Имрӯз бе иҷозати Наврӯзшоҳ ҳатто ҳокими Хуҷанд луқмае ба даҳон намебарад!

      – Наход?

      – Гулсимо дуруст

Скачать книгу