Скачать книгу

чапу рост афшонда, нармак-нармак ба ҷилва омаду андактар, ҳар боре нақароти «Суманак дар ҷӯш, мо дафча занем» баланд мешуд, духтарак ба ҷӯш омада, кафча мезаду давр мегашту мечархиду ончунон бомаҳорат мерақсид, ки ҳамагон ангушти ҳайрат ба лаб бурданд.

      Пири бузургвори Хуҷанд Шайх Маслиҳатдин, ки бо даъвати хоҳараш Бибинурӣ барои ком ширин кардан аз нӯшдоруи равонбахши наврӯзӣ сари қадам ба сари деги суманак омада буд, Нигинаро назди худ ҷеғ заду аввал офарин хонд. Сипас сухан ба табассуми малеҳ идома бахшид:

      – Панде, ки дар соҳили Сайҳун садо надод, акнун бишнав, эй ғунчаи мастураи бобо: дарёдил бош, лек мисли Сайҳун ором ҷорӣ шав! Рақсидану болидани духтарон дар тантанаҳои наврӯзӣ суннати дилписанди ойини мардумист ва мутобиқ ба ойини мусулмонист. Аммо чархидану завқидану бехуд шудан пешаи шайтонист. Алҳазар аз ҷунуни иблиси маккор!

      Ин бигуфту фармуд, ки кӯзае кӯҳна биёранду ба дасти Нигина диҳанд.

      – Эй ғунчаи мастураи бобо, маслиҳат ин аст, ки кӯза дар даст болои бом барою то қадри тавонистан онро болои сарат баланд бардор ва се бор гирд гардонда, бо тамоми қувват ба замин ҳаво деҳ!

      Амри Пири бузургвор бечунучаро иҷро шуд ва зарфи сафолӣ ба замин бархӯрда, пора-пора гашт.

      – Кӯзашиканӣ яке аз пиндорҳои фаромӯшшудаи Наврӯзи ниёкон аст, – шарҳ дод Пири донишманд. – Ғараз аз ин амал шикастани тилисм, рафъи бало ва дафъи чашми бад аст. Нигина кӯзаро шикасту шикасти тилисм оғоз шуд. Аз ин баъд Нигина монанди одамони хокӣ гап мезанад, на мисли париёни бодӣ. Агар ҳар сол дар айёми наврӯзӣ як кӯзаи сафолӣ бишканад ва адади кӯза ба ҳафт расонад, аз банду тилисм осоре намонад.

      Фаҳмидӣ, эй ғунчаи мастураи бобо?

      Якуякбора тарзи гуфтори Нигина тағйир ёфту бо лаҳни шево ҷавоб дод:

      – Фаҳмидам, эй Бобокалони меҳрубон. Ҳар чӣ фармоед, ҳамеша ба ҷону дил иҷро мекунам!

      – Ин тавр бошад, бархезу пеши амакдухтаронат рав, ки ғарқи хоби нозанд. Маслиҳат ин аст, ки дигар духтарон ҳам хона ба хона шаванд ва деги суманак ба ихтиёри момоҳо гузоранд. Азеро пагоҳ аз вақти саҳур – пеш аз дамидани субҳ шодию тараби Наврӯзи бузург оғоз меёбад.

      * * *

      Ҳақиқатан ҳам чашми рӯз накафида, холаи Бибисолеҳа духтаронро бо тараннуми байти наврӯзӣ аз хоб бедор кард:

      Наврӯзи Хуҷанд вақти саҳар умадааст,

      Чишмота кушо, пешаки дар умадааст!

      Ҳама саросема дасту рӯй шуста, ба кӯча давиданд. Дар чорроҳаи Мардони Панҷшанбе даҳҳо аробаи дучархаи соябондори идона зиннатёфта корвон шуда, пешопеши анбӯҳи духтарону бачаҳою мардону занони либоси идона дар бар ва хони анво дар сар сӯйи идгоҳ раҳсипор буданд. Ҳар як кадбону таоми махсус пухтаашро бо худ мебурд, то як гӯшаи суфраи наврӯзиро ободу ороста гардонад.

      Бибисолеҳа низ дар сар бастае дошт аз мағзу санҷид ва зардолую чормағзи Ворух, ки махсус оварда буд ва чун корвони шодӣ ба идгоҳ расид, дастовезашро ба модари Мирмалик – холаи Моҳсимо, ки дастордори хон ва парастори нон буд, супорид. Хонсолорони чобукдаст ва ходимони

Скачать книгу