Скачать книгу

нигоҳбонӣ мекунем…

      – Хола, Маҳастӣ зинда ё мурда? – аз пурсиши андаке соддалавҳонаи духтараки деҳотӣ дар лабони духтарони шаҳрӣ лабханди истеҳзо дамид. Вале ҳамсоязанак, ки худро Муаззама номид, бо оҳанги ҷиддӣ ҷавоб гардонд:

      – Мурдагӣ Мӯниса, лекин шеъраш зинда! Китобаш даст ба даст мегардад.

      – Чӣ ном дорад китобаш?

      – «Чоргоҳи Маҳастӣ».

      – Ман ҳам дорам ин хел китоб. Азёд кардагӣ чанд шеъру рубоӣ аз «Чоргоҳи Маҳастӣ».

      – Наход?! Оъ… ин китоби камёфт чӣ хел ба дасти ту расид?

      – Тӯҳфа кардагӣ Бобокалуни Хуҷандӣ.

      – Кӣ??

      – Шуд! Ҳамаашро фаҳмидам, – риштаи муколамаро қайчӣ зад Гулсимо. –Бо дастури Пири муаззам Шайх Маслиҳатдин акои хушнависам ним сол заҳмат кашида, аз «Чоргоҳи Маҳастӣ» нусхае бардошта буд. Маълум мешавад, ки он нусхаи армуғонӣ барои навада будааст!

      – Мирмалик акои ту?! – якбора ба шавқ омад Нигина.

      – Ҳа. Ҳамроҳи тағоям ба Ворух рафта буданд.

      – Дар куҷост ҳозир акоят?

      – Ман аз куҷо донам? Наход китобро бозгашт супорӣ?

      – Не-е! Ҳадяи наврӯзӣ фиристодааст модарам барояш. Камарбанди гулдӯзӣ…

      – Тӯҳфаро, иншооллоҳ, рӯзи Наврӯзи бузург дар идгоҳ месупорӣ, духтарҷон! – риштаи сӯҳбатро дубора ба даст гирифт Муаззама. –Агар туро Пирам Подшоҳмарди Валӣ ба ҳукми набера хонда бошанд, духтараки одию содаи қишлоқӣ нестӣ! Аз гап заданат маълум…

      – Фарқ дорад магар гуфтори ман аз гапи дигарон?

      – Албатта. Худи одами аз дигар олам омадагӣ барин гап мезанӣ. Ҷумласозият баръакси мо!

      – Бубахшед маро. Наметонам дигар хел…

      – Ҳеҷ боке не. Шояд оҳиста – оҳиста ёд мегирӣ. Ё мисли Маҳастӣ шоира мешавӣ.

      – Гап мезанам ман мисли Маҳастӣ?!

      – Мегӯянд, ки дар кӯдакӣ гап заданаш замзаманок будааст, нағмаи суруд барин. Падараш рағбату ҳаваси духтарашро дида, чанд мутриба ва устоди рақсро киро кардаасту Мӯниса ба зудии ҳайратангез 12 боб ва 24 шӯъбаи мусиқиро азбар карда, чангнавози моҳир, сарояндаи булбуловоз, раққосаи товусхиром ва шоираи забардаст шуда, Маҳастӣ тахаллус гирифтааст. Бо шеъри навиштааш худаш оҳанг баста, бо лаҳни дилнавоз сароида, ончунон арғушт мерафтааст, ки ҳама мафтун мешудаанд. Ҳоло бошад… бинед, ин чангу рубоб чангу ғубор гирифта, дар ҳасрати Маҳастӣ бесадо мегирянд…

      Дили духтарон ба риққат омаду тирезаро кушода, гарду ғубори хонаву асбобҳои мусиқӣ ва дафтару китобҳоро пок карданд. Нигина хаёлолуд назди чангу рубоб омаду аз духтарон пурсид, ки оё навохта метавонанд?

      – Падарам метавонанд, – ҷавоб гардонд Саодат. – Он кас шогирди бисёр доранд.

      – Писари ман яке аз онҳост, – гуфт бо оҳанги ифтихор Муаззама. – Ҳам менавозад, ҳам месарояд. Рафтем, духтарҳо, ба хонаи мо! Меҳмони наврӯзӣ беҳтарин атои Худост!

      Дугонаҳо акнун бо назари эҳтиром Нигинаро нигаристанд.

      – Бонуи бузург шумо, эй очаи меҳрубон! Чунки нигаҳбунӣ мекунед мисли хунаи худ кошунаи Маҳастиро! Мо аввал мебинем идгоҳро, баъд агар бошад

Скачать книгу