Скачать книгу

дурударозро хатарнок ҳисобид. Абдулсайид, ки ба шукронаи таваллуди писар намозгоҳе барои маҳалла месохт, ягон лаҳза вақти зиёдатӣ надошт – мехост то фаро расидани иди азҳо ҳама корро ба субут расонад, то Шайх Бурҳониддини Валӣ хутбаи идонаро маҳз аз минбари масҷиди нав бихонад. Бар замми ин, вай ба ҳеҷ ваҷҳ модару кӯдакро танҳо гузошта наметавонист…

      Меҳмонҳо чун ба ҳавлӣ даромаданд, аҳли хонадонро дар тараддуд диданд. Ду ҷавони ҳамқад гилем метаконданду духтараке косаву табақ мешуст ва зарфҳои лабпарида ё андак кафидаро алоҳида мегузошт. Кадхудо бо ҷорӯби дастадароз шифти болохонаи дарвозаро аз гарду ғубор тоза мекарду очаи Бибинурӣ дегро болои оташдон чаппа гузошта, бо алови паст онро аз дурдаи сиёҳ сафед мегардонд. Вай, аз омадани меҳмонҳо бехабар, бо овози баланд нидо кард:

      – Саросема нашаведу бикӯшед, то дар ягон гӯшаи хона ё кунҷу канори ҳавлӣ заррае ифлосӣ ё сиёҳӣ намонад! Фаҳмидед? – гӯён ба ҷавонҳо нигаристу нигоҳаш ба Нигина бархӯрд ва пешгир аз миён кушода, сӯйи дарвоза давид. – Эҳ-ҳе, Нигинаҷон омадаст! Хуш омадӣ, духтари оча! Хуш омадед, меҳмонҳои нури дида!

      Нигина боли парвоз кушода, ба оғӯши муаддибаи пазмонгаштааш париду ҳамдигарро бӯсаборон карда, ташнагии дидор бишкастанд.

      – Чӣ ҳол дорӣ, духтари оча? Медонам, ки роҳи дароз пургарду дард аст, ранҷи ароба бисёр…

      – Нағз ҳамааш, очаҷун. Маъқул шуд ба ман роҳи пурафсона. Аз хунукӣ гурехта, ба гармӣ расидем.

      – Гармиро ту овардӣ, духтари оча. То дина ҳаво ях барин буд, мисли рӯзи зимистон…

      Баъде ки ҳама давра нишастанду гуфтаниҳои ибтидоӣ гуфта шуд, Шайх Бурҳониддин сухани ҳамсарашро тақвият бахшид:

      – Ҳақиқатан ҳам шумо аз Ворух баҳор овардед. Сармои ҳафтрӯзаи барди аҷуз, яъне охирин нафаси сарди аҷузкампир, ки онро мо – хуҷандиён «баъди чилла-ҳилла» мегӯем, дина ба охир расиду имрӯз ҳаво яку якбора гарм шуд. Ба ибораи шоир, кунҷе ки барфи сафед дошт, сабзи суман гирифт, ба мардум ҳушдор дод, ки Наврӯз меояд! Ва мо шурӯъ кардем ба тоза кардани манзил, ки нахустин суннати ин иди аҷдодист.

      – Аммо мани сода гумон кардаам, ки ба шарафи омадани меҳмонҳо хонаҳоро тозаю озода мекунед, – гапро ба шӯхӣ кашид Аҳмадсайид.

      – Ҳам ину ҳам он! – бо ханда ҷавоб гардонд соҳибхона. – Имрӯз мардуми Хуҷанд аҳлона ба тозакорӣ машғуланд. Зеро аксу наҳси аҳриманӣ аз қудрат ва тавоноӣ маҳрум гашта, бо ҳидоят ва маслиҳати бародарам Шамсиддин имсол дар Хуҷанд ҷашни Наврӯз бо шукӯҳмандию шаҳомати бузург чун дар аҳди сомониён таҷлил мешавад.

      – Магар Наврӯзҳои пешина бешукӯҳ буд? – мулоим лаб ба гуфтор кушод Бибисолеҳа.

      – Шикӯҳ дошт, аммо на ба қадри дилхоҳ. Дар замони сомониён махсус барои ҷашни Наврӯз идгоҳи бузурге вуҷуд дошт ва тантанаи мардум басо хушҷилою нишотафзо мегузашт. Вале чун пойи номубораки қарохониҳо ба Хуҷанд расид, идгоҳи обод хароб гашту ба тавилаи аспу хар табдил ёфт, ҳам аз обу ҳам аз гили Сайҳун дуд баромад!

      – Оббо! – аз мағзи дили Аҳмадсайид низ оҳи сӯзон баромад. – Ана акнун сабаби дар Ворух бо ҳамҳамаю дамдама ид нашудани Наврӯзро фаҳмидам. Маълум

Скачать книгу