Скачать книгу

мезанад дилам…

      Падар фаҳмид, ки ҳаваси омӯхтани созҳои мутрибӣ дили кӯчаки Нигинаро ба туғён овардааст. Азбаски духтари яккаву ягона ва талабида-талабида бо душворӣ ёфтаашро аз ҷон бештар дӯст медошт, нахост вай дилшикаста шавад.

      – Худи ҳамин рӯз бароят дафча месозам, духтарҷон. Ба амакбобоят мегӯям, ки аз Хуҷанд танбӯру рубоб биёранд…

      – Чӣ хел нағз, додоҷун. Навохтан мехоҳад дилам. Гуфтам-ку: роҳе, ки мебинам дар хоб, дигар аст…

      – Роҳе, ки аз паҳлуи мактабхона мегузарад, ба дабистон мебарад, духтарҷон. Рост, он ҷо сози мутрибӣ меомӯзонанд, лекин фақат ба писарбачаҳо…

      – Медунам, ки шумо метунед илоҷашро ёфтан, агар хоҳед, додоҷун…

      – Дуруст мегӯйӣ, эй духтари азиз. Бо дилу ҷон мехоҳам, ки ту бо роҳи дилхоҳат пеш равӣ. Лекин асло аз ёд набарор, ки агар алифборо надонӣ ва хату савод надошта бошӣ, ҳеҷ гоҳ созу навои мут- рибӣ омӯхта наметавонӣ…

      – Мағзи гапро фаҳмидам, додоҷун! – хандид Нигина ва бо шодӣ аз ҷой хест. – Меравам ман мактабхуна, шумо равед устохуна…

      Абдулсайид, ки ҳамеша дар миён теша дошт, рост ба лаби ҷӯйи калон рафта, аз сиёҳбеди бобоӣ шохаи ғафсиаш банди пой баринро кал карду аз қисмати поёнаш чӯбдастаи дугазӣ ҷудо намуд. Сипас ба устохона даромада, бо мадади арраю ранда онро ба тахтапораи ҳамвори чоркунҷа табдил дод ва таротар даруни дастаки элак ҷо кард, то шакли мудаввар гираду барои дафчасозӣ кор ояд. «То шакл гирифтану хушк шудани тахта пеши Ҳамиди оҳангар рафта, барои дафча ҳалқача сохтан даркор» – худ ба худ ғурунгид усто ва зери лаб суруде замзама намуда, ба кӯча баромад.

      Ҳавлии рӯ ба рӯ азони акояш Аҳмадсайиди бозаргон буду дарвозаро нимроғ дида, барои ҳолпурсӣ самти ҳаракатро тағйир дод. Дар тахтакати соябондор кадхудои ҳавлӣ ва кадхудои деҳа сӯҳбати гарм доштанд. Халал расондан нахоста, қадам ба қафо гардонд. Вале бародараш бо ишорати даст ӯро пеш хонд:

      – Наздиктар биё, додар, ки расо дар вақташ омадӣ! Биёю ба паҳлӯям шин ва гапи Хоҷаро дугӯша шунав.

      Иброҳимхоҷа бо усто нӯгидастӣ салом карду ҷумлаи нотамомашро аз нав сар кард:

      – Соате қабл аз дорулҳукумати Исфара қосиди мӯйлабдарозе омада буд. Паём расонд, ки пагоҳ аз Хуҷанд меҳмонҳои олитабор меоянду яке хотун аст. Аз номи ҳоким дастур дод, ки пазироӣ ба дараҷаи олӣ шавад. Ин хабарро шунида, сарчархак шудам: оё иззати меҳмонҳоро ба таври шоиста баҷо оварда метавонем?

      – Агар хабари омадани меҳмон аз худаш пештар биёяд, худ аз худ маълум, ки басо мӯътабар аст. Лекин, эй Хоҷа, ту бисёр ташвиш накаш – як гӯсфанди сафеди бахта тани ман! – чун ҳамеша ҳимат баланд бардошт Аҳмадсайид. – Ана ин ду меҳмонхонаи тозаю озода дар ихтиёри туву меҳмонҳоят. Нону фатири равғанӣ барои даҳ нафар то баромадани офтоб ба қадри кофӣ, ҳатто зиёдатӣ тайёр мешавад.

      – Офарин бар ҳимати баландат, эй бозаргони бузург! Лекин… агар меҳмони бисёр биёяд, чӣ кор мекунем?

      – Аз даҳ зиёдаш меҳмони ман! – бо тавозӯъ даст пеш гирифт Абдулсайид. – Мо ҳам чанд бузу гӯсфанди фарбеҳ дорем. Бо меҳмонзанак Бимастура машғул мешавад.

      – Шуд! Гап пухт! – ҳадаҳа аз ҷой хест

Скачать книгу