Скачать книгу

иҷро намуда, бо харошу тарош дар қисмати болои санг сӯрохиҳое монанд ба чашму даҳон ва барҷастагиҳое шабеҳи бинию гӯш ба вуҷуд овардаанд.

      Дар атрофи санг хори бисёре рӯйида, онро дастнорас карда буд. Аз ҳамин сабаб роҳбалад ҳафт-ҳашт қадам дуртар таваққуф намуда, хитобан ба Қосими қаднавча гуфт:

      – Росташро гӯй, ки ин сангро пештар ягон бор дида будӣ ё не?

      – Чанд борҳо дидаам.

      – Лекин андаке пештар гуфтӣ, ки арӯси замони қадимро ҳеҷ вақт надидаӣ…

      – Бори дигар мегӯям, ки сангро бисёр дидаам, лекин арӯсро не!

      – Фаҳмо! – сухан мухтасар кард Зарифи Доно. – Аз суханрониат фаҳмидам, ки таърихи ин санг ва ҳатто номашро намедонӣ. Акнун бодиққат шунав: ин санги одӣ не, Санги Арӯс аст ва тақрибан панҷсадсола таърих дорад. Он вақт дар Мовароуннаҳр дини ислом аллакай нуфузи зиёд дошт, вале ҳама ворухиён оташ мепарастиданд. Зеро ба ин диёри кӯҳистон пойи араб нарасида буд.

      Аввалин ворухие, ки ба ислом гаравид, Накисо ном савдогар аст, ки чун мусулмон шуд, Нурмуҳаммад ном гирифт. Вай духтаре дошт бағоят саҳибҷамолу хушманд, ки аз рӯзи аласт бо меҳру муҳаббати саршор ба Парвардгори ягона ва бахшояндаву меҳрубон камол меёфт. Дар шарҳи Қуръони шариф суханҳои оммафаҳм, лекин таъсирбахш мегуфту чун ба синни камолот расид, обида ва зоҳидаи асил шуд, шогирду пайравони зиёде пайдо кард ва бо исми Сайида отун машҳур гашт.

      Писари мубади мубадон, яъне муғҳокими Ворух шефтаи ҳусну ҷамоли духтар шуда, сабру қарор аз даст дод ва тибқи расму одати онзамона худ ба хостгорӣ омад. Сайида ӯро хуш пазируфт, аммо шарт гузошт, ки агар Нурзанҷ дини исломро қабул кунаду номашро гардонад ва ба никоҳи мусулмонӣ розӣ шавад, он гоҳ издивоҷ ба амал меояд.

      Ҳокимписар шартро пазируфт. Вале дар рӯзи ақди никоҳ аҳду паймон бишкаст ва бо мадади ёру бародаронаш духтарро зӯран ба дайри Рахнаи Оташон бурданӣ шуданд. Сайида чун модашер муқобилат кард, бо нохун рӯй канду бо дандон дасту по газид, лек зӯраш нарасид. Лоақал касе аз хешовандон ба имдод наомад. Дар ҳоле, ки дилаш дар сина чу даф метапид, лоҷарам ба Худованди қодиру тавоно тавалло кард, ки ӯро аз шармандагӣ нигоҳ дошта, ба санг табдил кунад, то уммати мусулмон зери бори гарони таъна ва масхараи оташпарастон намонад.

      Илтиҷои мӯъмина ва муслимаи пок мустаҷоб гашт ва бо амри Парвардгори олам коре, ки бандаҳои хокӣ аз иҷрои он оҷизанд – мӯъҷиза ба амал омаду дар ҷои исташ арӯс санг шуд.

      Аз мушоҳидаи ин ҳолат айши хуши габракон ба мусибат мубаддал гашту доду фиғонашон бар фалак печид. Ба қудрати Худои яккаву ягонаи мусулмонҳо тан доданду пеши Санги Арӯс ба зону нишаста, саросар ба ислом гаравиданд. Тарзи дигар гӯем, бо баҳои ҷони Сайида Бону – нахустин муслимаи деҳа Ворух мусулмонобод шуд…

      Ҳикояти роҳбалад ба ҳамагон таъсири амиқ бахшиду лаҳзае сукут варзида, ин олиҳаро ба некӣ ёд карданд.

      – Шоире Санги Арӯсро гавҳари шабафрӯз номидааст, – хаёломез лаб ба гуфтор кушод Абдулмаҷид. – Вай менависад, ки чор фасли сол ҳар дили шаб аз дили ин санг нолае ҷонгудоз мебарояд дар вазни «Дод аз дасти сангдилон,

Скачать книгу