Скачать книгу

маҳтобӣ ва осмони пурситора ин гулшанкадаро ҷонафрӯз мегардонад. Се рӯзе, ки дар ин ҷаннатмакон будам, гули дили ман ҳамчу дили гули бехазони Ворух тозаю озода ва муаттару арғувонӣ шуд. Акнун бо шавқу илҳоми дучанд рақскунон ба сайқали ҷаҳон меравам ва ҳар ҷо бошам, Ворухро ба сад забон таҳсин мегӯям. Бовар кунед, то ҷон дар бадан дорам, бо ишқи Ворух мезиям:

      Пайваста дилам ба ҷустуҷӯи Ворух,

      Дар гулшани ҷон баҳори кӯи Ворух,

      Чун ваъдаи васлу аҳди некӯномӣ

      Дар дафтари ишқ гуфтугӯи Ворух.

      Равзанаи дуюм. Таҳвили ҳадяҳои тақдирсоз аз шаҳри азим ба кӯҳи баланд

      Нигина, ки ҳафтмоҳа таваллуд шуда буд, дар панҷсолагӣ ба хондан шоиста гашт. Рӯзи чаҳоршанбеи аввали моҳи шаъбон Бимастура дасти духтар гирифта ва дафтару давот бардошта, нозукниҳоли хеш ба пеши Бибӣ Заҳро бурд ва салому ҳолпурсӣ карду афзуд:

      – Эй бибии муътабар, фарзанди азиз ба парвариш ва тарбияи шумо овардам.

      Бибӣ Заҳро дасти Нигина аз дасти модар ба дасти худ гирифту сарашро сила карда, бо лаҳни навозиш гуфт:

      – Кори хуб кардӣ, духтарам. Аз ҳамин лаҳза Нигина маро ҳамчу фарзанд шуд. Аз чашмаш маълум, ки зираку ҳушёр аст. Агар қобилу гапдаро шавад, ба осонӣ хондану навиштанро ёд мегирад.

      Нигина дасташро оҳиста раҳо карда, қадаме қафо гузошту бо сари хам ва гардани каҷ ғурунгид:

      – Гапдаро намешам ман…

      Модар лаб газиду муаллимаро завқаш омад ва хам шуда, пешонаи кӯдакро бӯсид:

      – Офарин, ҷони бибӣ, ки хатои маро ислоҳ кардӣ! Майлаш, гапдаро нашав, аммо панду насиҳати маро бодиққат гӯш кун. Хуб?

      – Хуб шудааст, бибиҷун! – нидо кард бо чашмони шарарбор Нигина ва сӯйи модар панҷаи падруд афшонда, аз қафои муаллима ба мактабхона даромад.

      Аз байн як моҳ гузашт. Боре Бимастура барои куртадӯзонӣ ба дӯкони чевар раҳсипор шуду назди дарвозаи бозор якчанд духтарчаро машғули сангчабозӣ дид. Бачагияш ёд омаду лаҳзае истода, хаёломез он сӯ нигарист ва… Нигинаро шинохт, ки тамоми ҳушу ёдаш ба бозӣ банд буду ҳафт сангчаро ба пушти даст ниҳода ва чолокона боло ҳаво дода, моҳирона бо кафи даст дошта мегирифту имкон намедод, ки ягонтоаш ба замин афтад.

      Куртаю чевар фаромӯш гашту ба пеши духтаракон омад. Вале Нигина бехабар аз модар санги чилтоқа мебозид. Сурфаи ошноро шунида, як қад париду барқвор аз ҷой ҷаҳид ва гунаҳкорона сар хам карда, барои шунидани маломат рост истод.

      – Эй ҷуни модар, чува аз дарсхуна гурехта, бо духтарчаҳои бегуна бозӣ мекунӣ?

      – Аз дарс гурехтагӣ не ман. Маълима ҷавоб додагӣ.

      – Чува ҷавоб дод?

      – Дар таги коса ягон нимкоса ҳай. Канӣ пеш даро, ба мактабхуна равем.

      Аз нақли бибиотун маълум шуд, ки як ҳафта боз рафтори Нигина дигаргуна шудааст.

      – Духтаратон сабақ омӯхтан намехоҳад, – лаб ба шикоят кушод омӯзгор. –Дилу бедилон ним соат мешинаду сабақро нисфу нима ғурува карда, бо ҳар баҳона ҷавоб мепурсад. Имрӯз гуфт, ки «сахт дард мекунад сарам, ҷавоб диҳед…»

      – Эй ҷуни модар, чува дурӯғ гуфтӣ?

      – Дуруғ

Скачать книгу