Скачать книгу

кас бифиристед, ки кӯдаки панҷсолааш ҳафт моҳ инҷониб маризи сахт асту падари бечора дар вартаи ноумедист. Бифармоед, ҳар чӣ зудтар писаракашро ин ҷо расонад, то мо бингарем ва даво фармоем.

      Деҳхудо ғайбдонӣ ва гуфтори фасеҳи мӯйсафедро шунида, аз шигифт хирасар шуд: вақте чолу кампир рафтанд, аз дунболашон равона шуд, вале даҳ қадам намонда, аз раъяш гашту куҷо рафтану чӣ кор карданро надониста, лаҳзае пушти сар хорида, карахт истод. Хайрият, чашмаш ба Аҳмадсайид афтоду тозон пеши ӯ омад ва ҳузури меҳмонҳои ҷавонро фаромӯш карда, аз изтиробу ҳаяҷон бо овози ларзон гуфт:

      – Ин мӯйсафед ҳарчанд ба назар хоксору фурӯтан менамояд, ба Худо қасам ки мӯҳтарам асту лойиқи эҳтироми мӯҳташам!

      – Гапатон ҳақ асту рост, эй деҳхудои меҳрубон, тағои ман яке аз озодамардони олитабори Хуҷанд!

      Иброҳимхоҷаи ҳайратзада бо чашми ошуфта соҳиби овозро нигаристу фаҳмид, ки боз хатое содир кардааст. «Хайрият, ки дар ҳаққи мӯйсафед ягон гапи дағал нагуфтам» – ин ҷумларо барқвор аз дил гузаронда, ҷумлаи дигар ба забон овард:

      – Номи мубораки эшон чист?

      Ҷавони тануманд ва қоматбаланди сафедчеҳра аз ҷайб номаи сарбамӯҳре бароварда, ба Иброҳимхоҷа дароз карду бо оҳанги махсус гуфт:

      – Ҷавоби савол ин ҷост. Ба мо дастур шудааст, ки мактубро ба дасти деҳхудои Ворух супорем.

      Иброҳимхоҷа бо хотири парешон ва дасти ларзон лифофаро саросема кушоду аввал ба имзо нигарист. Чун фаҳмид, ки нома аз Пири бузурги тариқат, садри уламои Хуҷанд Шайх Маслиҳатдин Бадеуддини Нурӣ аст, якбора боғ-боғ шукуфта, ба зону нишасту «писархонди пайғамбари олам мактуб навиштаанд» гӯён ному номаи табаррукро бӯсидаю ба дидаҳояш молида, ҳарисона ба қироат пардохт ва чанд ҷумлаи асосиро бо овози баланд хонд: «Ҳазрати Шайх Бурҳониддини Валӣ, ки моро бародари бузург ба шумор мераванд, аз даргоҳи Парвардигори олам қурбати бисёре моликанд. Эшон дар Балху Бухорою Самарқанд ва Ҳисору Хатлону Хуҷанд обрӯю эътибори сутург доранду муридону шогирдони сершумор… Азбаски дар пиронсолӣ иқлими гарму хушки Хуҷанд ба саломатиашон созгор нашуд, баъди таҳлил ва ташхис ба чунин маслиҳат омадем, ки муддате дар Ворухи хушбоду ҳаво ва серсояву салқин иқомат кунанд, то аз бемории санахҷ сиҳату саломат халос шаванд… Аҳли ҷаннатмакони шуморо иҷозати шафоат ба ин авлиёи замона додем…»

      Иброҳимхоҷа қироатро тамом карду аз бузургию шаҳомату тафарруди меҳмон ба ваҷд омада, бо чашми азамат атрофиёнро нигарист. Якбора фармоиши мӯйсафеди нуронӣ ёдаш омад ва қассобро сиёсат намуд, ки чаро то ҳол корд аз ғилоф накашидааст ва аввалин марди ба чашмаш намударо оҷилан ба хонаи оҳангар давонд. Сипас ба мардуми гӯшкушода рӯй гардонда, бо оҳанги мутантан мужда расонд:

      – Ҳазрати Шайх Бурҳониддини Валӣ – бародархонд ва язнаи Пири бузургвори тариқат Шайх Маслиҳатдини Хуҷандӣ ба Ворухи мо қадам ранҷа намудаанд! Меҳрубон бошед!!

      Мардум ба пурсиши аввали худ ҷавоби сазовор ёфта, таҳсиномез нидо дардоданд. Аммо пароканда нашуданд. Зеро дуюмин пурсиши умумӣ ҳанӯз беҷавоб буд:

      – Ин бузургвор бо

Скачать книгу