Скачать книгу

шуд, сипаҳсолори лашкари Хуҷанд таъйин гардид, бо исми Мирабдулло ба сулолаи Амирони Кабир пайваст. Писари ӯ аллакай амирзода ҳисоб меёфт ва бинобар ин номи муборакашро Мироқил ниҳоданд, ки ҷадди бузурги Мирраҳмат-падари Мирмалик асту хоҳари Мироқил – Гулсимо момокалони ман…

      – Агар шафшаи3 шаҷараи шумо ба сомониён пайваст бошад, мо имрӯз хушбахттарин инсонем, ки мизбони чунин меҳмонем! – каф ба ҳам зада, деҳхудо бо нишоти афзун хитоб кард: – Эй мардум, чаро карахт нишастаед?!

      – Ҳама чашм дар роҳи оҳангаранд, – хулосаи худро бо овози баланд изҳор кард Сабзалӣ. – Ина, хандон-хандон меояд.

      Ҳамиди оҳангар ду лаб пур аз ханда дар остонаи дарвоза лаҳзае қарор истода, фориғдилу шодбаҳр нидо кард:

      – Эй мардум, шодиёна диҳед! Писаракам сиҳат шуд! Нону шир хӯрд, бо гӯши худ шунидам, ки «додо» гуфт. Дастатон дардро набинад, Шайхбобо! – марди таҳамтан ва қавибозу тозон пеш омаду мисли кӯдак худро пеши пойи Шайх партофт ва аз мағзи дилу ҷон гуфт. – Аз ин баъд ману фарзандам муриди ҳалқабаргӯши шумо, Пирам!

      Атрофиён оҳангари маҳбуби худро шодишарик гашта, бо оҳанги дастбӯсӣ ба Шайхбобои Хуҷандӣ изҳори сипосу итоат намуданд.

      Шайх Бурҳониддин бе ягон халалу озор гулӯе пур аз ҳавои тозаю форам даркашида, шукри Парвардгор ба ҷо оварду оҳангарро сари по хезонд ва лаб ба насиҳат кушод:

      – Ба ту мегӯям, эй шогирди Кова, ва бигзор дигарон ҳам бишнаванд: панди Бӯалӣ Синоро ҳамеша дар ёд доред ва ҳамеша тадбир аз он кас пурсед, ки дини пок, муҳаббати некон ва дониши тамом дошта бошад.

      Ҳамиди оҳангар, ки дигар парокандааҳволу ошуфтакор набуд, ба фазилату дақиқназарии Пири мӯъҷизнамо бори дигар қойил шуду чеҳрааш аз нури ихлос боз ҳам равшантар гашт ва бо лафзи содаю самимӣ гуфт:

      – Ба шодиёнаи сиҳат шудани Неъмат рафтем ба ҳавлии ман! Бо як пиёла чою як бурда нони камбағалӣ ва ҳар буду бозёфте, ки дар хона бошад, ҳамаро зиёфат мекунам.

      – Ба манзили ту албатта меравем, аммо баъди комилан шифо ёфтани Неъмат. Ҳоло бошад, ба шодиёнаи паёми хуши ту чанд армуғони табаррукро ба соҳибонаш месупорем.

      Сабзалӣ бо ишораи Шайх Бурҳониддин аз кӯлбор се тасбеҳи қаҳраборанги чӯби сандал бароварду ба дасти Иброҳимхоҷа, Аҳмадсайид ва Абдулсайид яктоӣ дод.

      – Ҳазрати Шайх Маслиҳатдин ба ҳар кадоми шумо як тасбеҳи табаррук бахшиданд ва гуфтанд, ки замоне зикри он Ягона дона-дона ба риштаи тасбеҳ меоваред, ҳамвора аъмоли неку бади хеш холисона ба риштаи таҳлил биёваред.

      Ҳазрати ҳумоюнӣ ба наберахондаи худ Нигина бинти Абдулсайид низ армуғони алоҳида эҳдо карданд – девони Маҳастӣ! Бигӯед, ки биёяд ва ҳадяи гаронбаҳо худаш бигирад.

      Сабзалӣ то омадани Нигина ба ҳозирин маълум намуд, ки Мирмалики хушқалам бо маслиҳати устод ва Пири раҳнамои худ шеърҳои Маҳастиро дар қоғази соф бо хати равон хаттотӣ кардааст, то хондану аз бар карданаш осону гуворо шавад.

      – Пирам Подшоҳмарди Валӣ гуфтанд, ки ҳолиё Нигина кабутари парвара асту барояш ғизои хуби рӯҳӣ фароҳам овардан вазифаи ҷонии мост

Скачать книгу


<p>3</p>

Шафша – шохи дарахт