Скачать книгу

панҷсолаи Ҳамиди оҳангар ҳафт моҳ боз дар Ворух табиби мушкилкушоро интизор аст, то ба дардаш шифо бахшад. Аввал Неъматро дида, баъд аз пайи дигар кор шавед!»

      – Пири мӯътабари Хуҷанд ҳақиқатан ҳам авлиё! – мад кашид Иброҳимхӯҷа. – Ҳар дуятон аз кай боз додари қиёматӣ?

      – Мо чор бародаронем! Шамсиддини Хуҷандию Шамсиддини Узгандию Низомиддини Марғинониро чил сол боз мешиносам. Ҳамроҳ дар Бухорои шариф таҳсил кардем, шарикдарсем. Ҳар сол як маротиба, бо навбат, дар манзили якдигар меҳмон мешавему ин ҷамънишиниро «маҳфили чор дарвеш» мегӯем. Вале муридон муболиға карда «маҳфили аҳли идрок ва ирфон» мегӯянду маҷлиси асҳоби дониш меҳисобанд.

      – Ин хел бошад, имсол ҳамаро ба Ворух даъват кунед, – сидқан пешниҳод кард деҳхудо, ки бо табассум пазируфта шуд. Абдулмаҷиди шоир, ки кайҳо боз суоле дар нӯки забон дошт, зуд аз фурсати мувофиқ истифода бурд.

      – Эй Шайхи бузургвор, мо медонем, ки шуморо Шайх Бурҳони Қилич мегӯянд, аммо намедонем, ки чаро лақаб ба туркӣ мегӯянд?

      – Ба «Қилич» шудани лақаби ман ана ин ҷавони чорпаҳлӯ сабабгор, – Мирмаликро ба ангушт нишон дод Шайх Бурҳониддин. – Ҳокими қарохонӣ дар Хуҷанд мусобиқаи гӯштингирӣ ташкил карду онро набарди паҳлавонҳои тоҷику турк номид. Аз ҳар ду тараф даҳ нафарӣ ба майдон бароварда, худаш сардовар шуд. Ҷияни паҳлавонам Мирмалики шонздаҳсола, ки аз хама ҷавонтарин буд, ду қарохониро ба пушт хобонда, тӯҳфаи сазовор гирифт. Дигар ҳамроҳонаш низ бо чусту чалокӣ ҳоли ҳарифонро танг карданд. Ҳамин хел буд, ҷиянам?

      – Оре, ҳаминхелак буд, тағоҷон! – дарҳол ҷавоб гардонд Мирмалик аз ҷой нимхез шуда.

      – Ба ҷоят шину, шери тағо, давомашро худат гӯй.

      – Ба чашм! – гуфт Мирмалик сари итоат хам карда. – Мо нӯҳ турки фил боина ба замин чалпак када, ба ғалаба пурра бовар доштем. Лекин… аз ҳама охир турке мисли харсанги носуфта ба майдон баромаду ғалабаи мо пасаймиш рафт. Ҳарчанд маддакои шерафкани мо ба рағми ин филҷуссаи бадҳайбат қувват каданд, мурод ҳосил нашуд. Ин барзангӣ ҳама ёрони маро чалама чатӣ аз по ғалтонда, аспи маст барин шиҳа кашид: «Тожик бормӣ?»

      Ҳис кардам, ҳама маро менигаранд, ки аллакай насибаи худро гирифта, қатори тамошобинҳо ҷиму им мешиштам. Барзангӣ хар барин наъра заду маро раги орият ҷунбид ва аз тағоям иҷозат хостам. Даст ба дуо бардошта, гуфтанд: «Бархез, ҷиянам, далер бош, димор аз говзӯр барор!»

      Ҷуссаву қаду қомати барзангӣ якуним баробари ман буд ва чун наздаш расидам, назарногирона хандиду бо писханд гуфт: «Эй мирғиндӣ, аз ман наметарсӣ?!» Дар ҷавоб гуфтам: «Аз кундаи мунда фақат гунҷишк метасад!» Ҳама лаб ба таҳсин кушоданду барзангӣ баланд наъра зад: « Эй кӯдак, гурез, ки муддӣ!»

      Аз ҳуҷуми нахустин фаҳмидам, ки ин барзангия бо зӯру талош мағлуб кардан номумкин! Фақат ба чобукию ҳилат ғолибият метавон ба даст овард. Гирумон ва пайкори беназири Рустами достон пеши назар оварда, камараша сахт тофта, ҳини чапғалат пойи росташа боло бардошта, ба тахтапушт афтондам. Бо тамоми қувват дасту пой заду аз хашму ғазаб сурху сафеду сиёҳ шуд ва раги гарданаш чуст бархост. Бори

Скачать книгу