Скачать книгу

сӣ сол буд дар офтобшаҳри ҷаҳон». Аз ин навиштаҳо метавон хулоса баровард, ки шаҳри мо зодгоҳи Наврӯз аст!

      – Наход? Намеояд боварам…

      – Бовар кун, Нигина. Агар хоҳӣ, дар сари қабри Каюмарс бо китоб қасам мехӯрам!

      – Куҷост қабри ӯ?

      – Обидаи Каюмарс дар бағали шаҳри Хуҷанд аст. Дидан мехоҳӣ?

      – Албатта!

      Зиёрати мақбараи Каюмарси афсонавӣ ва обидаи ҳамшираи ӯ Бибӣ Хуҷанда, воқеъ дар гузари Истак, маҳаллаи Пули чуқур табъи дили дугонаҳо шуд. Нигина бовар кард, ки Хуҷандро «Тироз-ул-о-лам», яъне арӯси ҷаҳон номидани сайёҳон ва Наврӯзро арӯси сол ҳисобида, дар Истак бо ҳусну таровати олӣ ҷашн гирифтани хуҷандиён куҳанрешаи бузург дорад. Ягона чизе, ки нафаҳмид – «чӣ маъно доштани калимаи Истак»-ро дарҳол пурсиду чунин ҷавоб шунид:

      – Истак як навъи бед аст, ки фақат дар соҳили Сайҳун месабзад. Айёми наврӯзӣ дӯшизаҳо расан дар шохи неруманди истак баста, бод мераванд, то гарду ғубори дилро бод бубарад.

      – Арғунчак мегӯем мо, яъне аспаки бодрафтор…

      – Гапат қабул, Нигина. Рафтем, арғунсаворӣ мекунем.

      Духтарон бо навбат ба арғунчак менишастанду яке барои баланд бод рафтан аз тахтапушти дигаре алвонҷ медод. Ва ҳар се баробар суруд мехонданд:

      Ҳаво, ҳаводор – е,

      Барги сафедор – е,

      Уштуро қатор – е,

      Сандуқо пурбор – е.

      Биё, навбаҳоре – е!

      Биё, навбаҳоре – е!

      * * *

      Нигина ба амакдухтарҳояш дидаву шунидаҳояшро сар-сарӣ нақл карду донист, ки онҳо низ дар соҳили Испандруд арғунчаксаворӣ намуда, бо таассуроти бой баргаштаанд.

      – Хоҷа Баҳоргон деҳаи худамон барин як ҷойи зебо будаасту Испандруд мисли дарёи Ворух шириноб – гуфт Назорат. – Аз пагоҳӣ то бегоҳӣ фақат чизи ширин хӯрдем!

      – Бахудо, ки рост! – тибқи одат бе ягон зарурат қасам ба забон овард Назокат. – Баробари аз остона даромадан кадбону ба ҷону ҳоламон намонда, аз хони наврӯзӣ аввал як порагӣ шакарҳалвои мағзӣ ба даҳонамон андохт, то ширинком ва ширинумр шавем. Чунон бомазза будааст, ки…

      – Дар Хоҷа Баҳоргон тамоми чиз хушлаззату гуворо. Медонед чаро? – пурсид Шайхбобо ва дид, ки ҳама хомӯшанд, худ ҷавоб гардонд: – Оби Испандрӯд, ки аслан оби Хуҷанд аст, мӯъҷизанок буда, заминҳои гирду атроф бо шарофати он пурбаракат шудаанд. Гандуми маҳини серрез, биринҷи девзира, зироати ҳафтравған ва ғӯзаи нахаш қавӣ аз ин заминҳо ба даст меояд. Зардолую санҷиди қандак, ангури тагобию харбузаи токӣ, анори ширину анҷири обӣ ва чормағзу бодоми коғотӣ маҳз дар боғоти ин мавзеъ фаровон мерӯяд. Аз ҳамин сабаб Баҳоргон яке аз ошёнҳои Наврӯзи Хуҷанд аст.

      – Чӣ маъно дорад Баҳоргон, эй бобоҷун?

      – Номи аввалин идгоҳи наврӯзӣ. Баракати оби руд аз баракати ин иди бузург сарчашма мегирад. Акнун, эй Нигинаи бобо, барои он ки пагоҳ дар ҷуфтбаророни Унҷӣ бо пурсиши нав дигаронро гаранг накунӣ, пешакӣ мегӯям: Унҷӣ калимаи суғдӣ асту суғдиён замини кунҷи дарёро

Скачать книгу