Скачать книгу

кӯдакони шӯху бепарворо сарсарӣ тамошо карданду ҳисси бегонагӣ аз байн рафтан ҳамон ба Бобаку Момакбозӣ шарик шуданд. Лекин овози чирросӣ ва гӯшхароши кӯдаке тасфи бозиро хунук гардонд:

      – О-омада-а-андд!

      Дар идгоҳ ҳама ҳаракат даме қатъ шуд. Кӯдакон низ баробар карахт гашта, тарафи офтоббаро нигаристанд, ки бо садои карнаю сурнай гурӯҳе аспу аробасавор ва гурӯҳе пиёда бо нидоҳои шодмонӣ рақсону ғазалхон меомаданду аз қафотар подаи барзаговҳо ва боз чанд аробаи пурбор ин сӯ ҳаракат дошт.

      Бобои Деҳқон ва Шайх Бурҳониддин савори аробаи сечархаи соябондор ин корвонро сорбон буданд ва чун ба хати сабзи майдони Шодӣ расиданд, пиёда шуда, ба издиҳом пайвастанд.

      Баъде, ки ҳама ҷобаҷо шуданд, Бадриддини Деҳқон бо салавоту дуо ба ҷамоат рӯ овард:

      – Бо амри Парвардигор аз имрӯз биноан давру замон нав мешавад, табиат ҷавонию ҷамоли тоза мегирад. Имрӯз дар ҳама русто кишоварз бо умед бар гов лубод мебандаду ҷуфт мебарорад ва бо зӯри сарпанҷаи Ҳазрати деҳқон замини мурда даму нафаси тоза мекашад.

      Рисолати худовандии мо он аст, ки гови варз бар ганҷ ронем, заминро зинда дорем ва шукри неъмат гузорем. Зеро тухми киштаи мо сирати мост, оби рондаи мо неъмати мост ва замини саховатманд раззоқи мост!

      Биёед, даст ба дуо бардорем, то Раззоқ ва Халлоқи Олам Марди деҳқон – рӯзирасони ваҳшу тайрро дар паноҳи ҳиммату баракати хеш сарбаланд дорад. Омин!

      Хурду бузург баробар «Аллоҳу акбар!» гуфтанд ва сари сурфаи наврӯзӣ нишастанд. Баъди тановули андак гурӯҳе аз барзгарон аз аробаҳо молаву ҷуфту испор оварданду барзгарони ҷавон барзаговҳои азимҷуссаи варз ва гардунро боэҳтиёт аз болои дуду оташи ҳазориспанд гузаронида, шоху гардан ва суми ҳайвоноти корӣ бо равғани индов чарб карданд. Нахуст ба пурқувваттарин барзгари забардаст Ҳалими Говзӯр иҷозат шуд, то ҷуфти аввал оғоз кунад.

      Ин карат Шайх Бурҳониддин даст ба дуо бардошт:

      – Илоҳо, омин:

      Арвоҳи Бобои Деҳқон мадад кунад, аввалу охири сол нек шавад, ҳосил фаровон рӯяд, файзу барака зиёд гардад.

      Кушоиши кор,

      Муборакии наврӯзи баҳор,

      Як донаи шумо – ҳазор,

      Ҳазори шумо – бешумор

      Аллоҳу акбар!

      Таҳамтандеҳқон як тоба ҷуфт карда, говҳоро дам доду аз халтаи пурбор табақе ғаллаи тухмиро бардошта, чанд мушт ба замини навшудгор афканд ва боқимондаашро болои барзаговҳо пошид. Хонумҳо ӯро пайравӣ карда, пасопеш болои говон чормағзу ғулунг мепошиданду кӯдакон ва ҳам калонсолон талош мекарданд.

      Ғалмағалро садои форами ҷуфтнай паст нишонд ва очаи Бибинурӣ сабзи суманак аз ниҳонпарда берун овард, ки онро то ҳол ба чашми ғайр нишон надода, дар зарфи махсусе аз гандуми баҳорӣ сабзонда буд. Саодат табақи мудавварро боэҳтиёт аз дасти муаддиба гирифта, бо ҷилваи хиромон ва мувофиқ ба савти найанбон онро ба Бобои Деҳқон супурд. Вай бо зикри номи Аллоҳ зарфи муқаддас баробари китф бардошту ҳар ду чашмро бонавбат ба гандуми навраста расонда, нек ба он назар афканд, то сабзаи нозанин сардию зардӣ

Скачать книгу