Скачать книгу

тағо ва ҳам фотиҳагирӣ. Пас аз ҳолҷӯйӣ ва дидорбинӣ гуфт, ки дар аспрези Исфара мусобиқаи чобуксаворон ва камонварон баргузор мешаваду барвақттар омадаанд, то ба тағйири боду ҳаво мутобиқ шаванд ва аспҳо бемалол кӯфти роҳ бароранд.

      – Расо дар вақташ омадед, – изҳори хушнудӣ кард Шайх Бурҳониддин. – Мо азми сафари Сияҳкӯл доштем. Ҳозир Абдулсайиду Абдулмаҷид меоянд, шумо болои кат нишаста, як пиёлагӣ чой нӯшида истед…

      – Кадхудову деҳхудо куҷо?

      – Аҳмадсайид машғули тиҷорат, ба Марғинону Намангон рафтагӣ. Иброҳимхоҷа андаке нотоб, тафташ баланд…

      – Вайро ба ҳолаш гузошта, Сияҳкӯл меравем?

      – Деҳхудо нигаҳбони бисёр дораду ин кӯлро ҳазор бор дида, ҳавсалааш пир шудагӣ. Чор нафар будему шаш тан шудем.

      – Шашумаш кӣ?

      – Неъмат, писари Аҳмади оҳангар.

      – Саломатиш созай? – ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд Сабзалӣ.

      – Ҷавони фарохбол шудааст, алмудом маро ғамхорӣ ва дастёрӣ мекунад. Ҳолӣ ҳамроҳи Нигина ва Очанурӣ роҳтӯша баста истодаанд.

      – Дарвоқеъ, Нигинаи ҳозирҷавоб чӣ ҳол дорад? – пурсид Мирмалик.

      – Рости гап, се рӯз шуд, ки надидаам. Кабутари мастура шудагӣ вай, тамоми рӯз дар пеши Очанурӣ мешинад. Сабақ меомӯзад ва танбур менавозад. Гоҳ-гоҳ суруд ҳам мехонад. Китоби ту овардагиро ҳарф ба ҳарф азёд кардагӣ.

      – Барояш боз як китоб овардаму атриёт…

      – Чӣ хел атриёт?!

      – Хушбӯйтарин атри олам. «Мушки Хуҷанд». Аз беҳтарин гулҳои парвардааш хоҳаракам Гулсимо бо маслиҳати модар тайёр када, тӯҳфа фиристод. Ваю Саодату Нигина дугонаи қиёматӣ шудагӣ. Саодат китоб дод… Лекин… Кабутари мастура гуфтеду ҳайрон шудам… Тӯҳфаҳоро чӣ хел супорам, тағо?

      – Падараш ояд, ба ӯ медиҳӣ. Нигина акнун ба ҳар кас чеҳра наменамояд.

      – Эй бобо, Нигинара мо дигар аҳ намебинем?!

      – Худо медонад. Дар Ворух ҳама тақводор, ба қоидаю қонуни духтардорӣ сахт риоят мекунанд. Ана, падараш меояд, ҳар саволе доред, аз ӯ пурсед…

      Ҷавонон дарҳол аз ҷой хестанду Абдулсайид бо Мирмалик дӯстона, аммо бо Сабзалӣ ҳамчу ошно мулоқот кард. Абдулмаҷид бошад, ҳар дуро ба як чашм нигаристу чун шиносҳои дерин даст ба дасту китф ба китф расонд ва шоирона нидо кард:

      Меҳри ёрони қадимӣ дар дили ман алмудом,

      Меҳмон аз баҳри мо беҳтар зи ҷон аст – Ассалом!

      Дарвозаи ҳавлии андарунӣ ғичиррас овоз бароварда, кушода шуду Неъмат хурҷини пурбор сари китф дар ғуломгардиш намудор гардид. Нигоҳи Мирмалик аз паси ӯ ба дарвозаи нимроғ лағжид. Он ҷо суроби духтаракеро дида, тӯҳфаи дугонаҳо ёдаш расид ва бо овози баланд аз Абдулсайид пурсид:

      – Амак, хоҳарам Гулсимою дугонааш Саодат аз Хуҷанд барои Нигина китобу алачизе тӯҳфа фиристодагӣ. Ба шумо диҳам ё ба Неъмат?

      Мардон ба лабкушоӣ фурсат наёфта, овози ширини Нигина гӯшнавоз садо дод:

      – Акоҷон, ба амонат хиёнат накарда, ба дасти соҳибаш супоред.

      Ҷасорати Нигина на густохӣ, балки ҳозирҷавобии навбатӣ пазируфта шуд ва бо ишораи Шайх Бурҳониддин ҷияни чашминтизораш масофаи байни кату дарвозаро як қадам карда, тӯҳфаҳоро ба кабутари мастура дастрас

Скачать книгу