Скачать книгу

нозанину маҳҷабин будаанд, ки аз чеҳраи зебояшон шаби тори кӯҳистон мисли рӯз равшан мешудааст…

      – Офарин, Устои гулдаст, ки дар суханварӣ низ мисли дуредгарӣ устои моҳир будани худро исбот кардед! – лаб ба таҳсин кушод Шайх Бурҳониддин. – Пири тариқати мо, бародарам Шамсиддин, ки дар Қошғар хешу табор доранду борҳо он ҷо рафтаанд, қабл аз сафари Ворух гуфтаҳои шуморо нозук ишора карда буданд. Эшон оби хушу пурманфиати Сияҳкӯлро васф карда, хушбод будани ҳавояшро таъкид намуда, маслиҳат доданд, ки соле камаш ду маротиба дар соҳили ин толоб фориғ аз кори дунё истироҳат кунам, ки беҳтарин давои бемории нафас аст. Лекин гаштаю баргашта маслиҳат доданд, ки аз оббозию шиноварӣ дар оби ях барин сарди Сияҳкӯл худдорӣ намоям. Гапро ба шӯхӣ бурда, гуфтанд: «Тарсам аз он аст, ки аспи обӣ язнаи маро аллонда, ба ҳалқаи париёни Қошғар мебараду хоҳарам дар Ворух яккаю танҳо мемонад».

      Лутфи латифро ҳамагон ба хушҳолӣ пазируфта, гирди хон давра нишастанд, то бафурсат таҳтӯли чоштгоҳӣ намоянду сипас аз пайи шикори кабку сайди ширмоҳӣ шаванд. Вале ҳанӯз луқмае дуруст нахойида, ҷавоне аз паси харсанг баромаду худро пеши пойи Шайх Бурҳониддин партофт ва ҳой-ҳой бигиристу нолон гуфт:

      – Эй Шайхи бузургвор! Дарди маро илоҷ кунед! – ин бигуфту дасту пойи худ ба ҳозирин нишон дод, ки озахи бисёр дошт ҳар кадом ба андозаи нахӯди сиёҳ. – Ин маразак аввал яктояк буд. Табиби маҳалла дору молиду … баъди ҳафтае дугона шуд. Табиб боз даво карду озах аз дасти чап ба рост гузашт. Пеши табибу муллои дигар рафтам, ҳатто мазори озахи Хуҷандро зиёрат кардам. Лекин озах аз даст ба по гузашту ба тану гардан часпид… Занам аз хона баромада рафту ҳамсояҳо худро аз ман дур кашиданд. Лоҷарам, худро ба кӯҳи беодам задам, то…

      – Кифоя! – аз садои ногаҳонӣ ва омиронаи Шайх Бурҳониддини Қилич ҳама қад парида, даст ба гиребони ҳайрат бурданд, ки ин касалманд аз куҷо пайдо шуду чаро Пири хушмуомила ногаҳон шамшерсухан гардид. Аммо Шайх ба касе эътибор надода, бо нигоҳи мӯшикофу муҷарраб ба озахҳои пушти дасти ҷавонмард нигаристу шиддати сухан саҳле паст гардонд. – Агар як ҳарфи дигар ба забон орӣ ва қасди худкушӣ кунӣ, осӣ мешавӣ! Чӣ ном дорӣ?

      – Зариф.

      – Дар олам дарде дармоннопазир нест, эй Зариф. Парвардигоре, ки барои бандаҳояш дард додааст, шифо ҳам мебахшад. Касалии ту ҳам дафъ мешавад, ҳарчанд ин гандамараз фарсуда шуда, ба мағзи баданат реша давондааст. Ман ба шарте туро табобат мекунам, ки ниҳод рост дорӣ, имон қавӣ орӣ ва дигар асло фикри худкушӣ накунӣ! Фаҳмидӣ!

      – Ҳар чӣ фармоед, эй бузургвор, бе чуну чаро қабул мекунам.

      – Худованд мададгори ту бошад, эй Зариф, ки ҳозир сухан аз сидқи дил гуфтӣ. Акнун бархезу ба Ворух баргард. Аз бозор чил мисқол ҷигари гов ва ним ман шалғами сафед, як тикка карпоси наву ним газ ресмони тоза бихар. Ба тани поку либоси намозӣ дар кулбаи тозаву озода маро интизор бош. Иншооллоҳ, баъди се рӯз ба хидматат мерасам.

      Аз ваҷоҳати Зариф маълум буд, ки муомилаи хуш ва фармоишоти мушаххасро шунида, пурдил гаштааст. Вале аз чашмони гиряолудаву забони парсингбастааш каломи дигар баромад:

      – Бо

Скачать книгу