Скачать книгу

дар замину моҳи мунир дар осмон бо шаби пурафсун танҳо ба танҳо монданд. Ахтарони сершумори осмоннишин, ки ҳамроз ва нигаҳбони моҳи нокоста ва ҷавони навхоста буданд, мисли душизаҳои париваш дар рӯйи оби мусафои Сияҳкӯл аксандозию обсаворӣ карда, мекӯшиданд то шаби пурҳаводисро сония ба сония кӯтоҳ намуда, ба рӯзи равшан расонанд. Мирмалик баръало медид, ки ситораҳои хурду калон аз дуру наздик ҷониби вай чашмак мезаданд, то сухане бигӯяд ва бори дил сабук намояд. Зеро онҳо медонистанд, ки сангҳои гунгу хомӯши атроф қудрати суханфаҳмию дилбардорӣ надоранд. Ҷавони яккаву танҳо миннатдор аз ахтарон буд, аммо беист афсӯс мехӯрд, ки онҳо дастнорасанду вай дасткӯтоҳ ва ҳини шабзиндадорӣ наметавонад ситорае ба каф гирифта, рози дил ифшо намояд. Ҳарчанд дили бедораш аз хаёлу орзу ва гумону тасаввур пур аст, фақат бо шамъи нигоҳ метавонад шаби тор равшан гардонад, то тарсу ҳаросу ваҳмро дур афканад…

      Оре, ҷавони камсухан ва камтаҷриба, ки қаблан ба хобу таъбири он эътиборе намедод, имшаб ҳолати дигаргуна дошт. Яке сухани падари Сабзалӣ ёдаш омад, ки боре гуфта буд: «Касе парӣ дар хоб бинад, хушбахт гардад, вале агар бо парӣ гап занад, девона шавад». Гапи бобои Одинаро бо хоби дидааш қиёс намуда, ба хулосае расид, ки хушбахтӣ пешорӯяш қарор дорад. Аммо зиқ шуд аз он ки Нигинаро аз ҳалқаи париён озод карда натавонисту вай ғойиб шуд.

      Мирмалик медонист, ки ин хобро таъбир мухтасар ва якгуна нест. Зеро Нигина ҳанӯз дар бедорӣ аз мадди назари меҳрполояш нопадид гашта буд. Вай бо як ҷаҳон умеду орзу аз Хуҷанд армуғони дӯстӣ овард, аммо ин духтараки содаи Бимастура худро духтари хонаю ӯро ҷавони номаҳрам ҳисобида, лоақал як бари рӯяшро нишон надод. Ва агар бо лафзи шоир Абдулмаҷид гӯем, кабутари хонагӣ шоҳини паркушодаро паршикаста кард.

      «Ҳоло Нигина дар куҷо бошад?» – худ аз худ пурсид Мирмалик ва гапи падари духтарак дар буни гӯшаш садо дод: «Касе аспи обиро бинад, аспафкан мешаваду агар ба он савор шавад, шерафкан хоҳад шудан». Мирмалик ба ёд овард, ки аспи обиро ҳам дар хобу ҳам дар бедорӣ дид. Лекин дар хоб савор шуду дар бедорӣ натавонист. «Оё шерафкан мешуда бошам?»

      Ба ин пурсиш посух наёфта, мулоқоти ду сиёҳсаманд пеши назараш омад, вале аз таъбири он оҷиз монду каломи модаркалонашро аз дуриҳои дур шунид: «Хоби парешон ба чароғ гуфтан даркор, то бадияш бисӯзад!»

      Мирмалик дубора зиқ шуд: зеро медонист, ки дар кӯҳистон чароғ нест. Вале ба осмон нигаристу гули рӯяш шукуфт: моҳи тобон – чароғи осмон ягона мӯнису ҳамрозаш буду бе ҳеҷ дудилагӣ хоби парешон ба моҳи дурахшон гуфт, то сиёҳию тирагиҳояш равшан шавад.

      Гапи модаркалон дуруст баромаду рози дил ба моҳ гуфтан ҳамон хотири парешони Мирмалик ҷамъ гардид. Зери лаб хандид. Ба қарори қатъӣ омад, ки субҳ ба чашми хобнок сурма кашад, яъне хоби парешону андешаҳои барҳам ба дигарон равшан насозад. Сабр кунаду роз нашикофад ва таъбири хоб аз аспрези Исфара дарёбад…

      Равзанаи панҷум. Ишроқе

      6

      дар Моҳпарӣ оғозбахши достони нерубахши зиндагӣ

      Аспрези

Скачать книгу


<p>6</p>

ишроқ – дурахшидан, баромадани офтоб