Скачать книгу

ва барои ба мерос гузоштан ҳуқуқи комил пайдо кард. Аз дудмони аҷдодӣ – маҳаллаи Мирзоён, ки дар маркази шаҳри Хуҷанд ҷойгир буд, то мулки меросӣ пайроҳаи миёнбуре вуҷуд дошт дарозиаш ду санг зиёдтар. Агар ин масофаро ба ченаки борҳо санҷидаи Мирмалик гардонем, аз ҳавлӣ то боғ расо биступанҷ ҳазору понсад қадам, яъне ҳабдаҳ чақрим роҳ буду вай ҳар рӯз бо рағбати том ба боғ рафта, бозгашт ба шаҳр меомад.

      Кулангирро Мирмалик беҳтарин деҳаи олам меҳисобид. Зеро маҳз дар ин макони таборак вай бори нахуст ба дидори рӯйи гарми падараш Мирраҳмат мушарраф гардид. Он вақт хеле кӯчак буду нав ба панҷсолагӣ қадам гузошта, аммо то ҳол падари хешро надидаву намешинохт. Ҳол он ки ҳамроҳ дар як ҳавлӣ мезистанду модараш ҳар замон либоси нав, қанду мева ё бозичаеро ба дасташ дода, «дадоҷонат оварданд» мегуфт. Ва Мирмалик дарҳол мепурсид, ки «дадоҷонам канӣ?» Модар механдиду «он кас Кулангир рафтагӣ» мегуфт ва аз рӯяш мебӯсид.

      Албатта, он вақт Мирмалик намедонист, ки тибқи таомули сулолавӣ писаракро то синни чорсолагӣ модар тарбият мекунаду ба падараш нишон намедиҳанд. Вай ин урфу одатро намедонист, аммо ташнаю гуруснаи дидори падар гоҳ-гоҳ пинҳону ошкоро мегирист. Оқибати гиряҳо ханда шуду рӯзе модар як тахт либосҳои навро пешаш гузошта, бо лабханд гуфт:

      – Дадоҷонат тӯҳфа оварданд.

      – Худашон оварданд?

      – Ҳа.

      – Канӣ дадоҷонам?!

      – Бегоҳ мебинӣ, бачаҷон. Турнақатор ба Кулангир меравем, дадобинон мекунем!

      Он бегоҳ ҳама шоду хурсанд буданду нишоти падару писар интиҳо надошт. Тамоми шаб Мирмалик аз падар канда нашуд. Фақат ӯро менигаристу фақат ӯро мешунид…

      Ин ҳол то ба имрӯз идома меёбад. Чашме, ки чор сол ташнаи дидори падар буд, аз тамошои ӯ асло серӣ надорад. Гӯше, ки чор сол муштоқи сухани падар буд, сӯҳбати ҷонфизои ӯро шунидану шунидан ва боз шунидан мехоҳад. Ва баъди падар амаки меҳрубонаш Мирфозилро хеле дӯст медорад, ки нигаҳбон ва меросдори мулки авлодӣ дар Кулангир асту деҳқони доно ва деҳхудои тавоност. Маҳз бо заковати ӯ Мирмалик як хатои давраи бачагиашро ислоҳ карду маънои аслии «Кулангир»-ро фаҳмид… Вақти хондан дар дабистон мактабдор решаи «Кулангир»-ро мурғи куланг, яъне турна бароварда, барои исботи фикри худ чистоне мисол оварда буд:

      Шутури куланги бедум,

      На ҷав хурад, на гандум.

      Об хурад зи дарё,

      Кор кунад ба мардум.

      Кӯдакон, албатта ба сухани мулло бовар карданд ва шӯхиомез ба Мирмалик «шутури куланги бедум» лақаб гузошанд. Зеро нисбати дигарон тануманду газгӯшт буду як пояш дар Кулангир қарор дошт. Лақаби масхаромезро шунидан ҳамон Мирфозил мисли ҳезуми хушк даргирифт ва бо итоб ба муллои чаласавод хитоб кард:

      – Кулангир ба ҳеҷ ваҷҳ турнахона нест! Ин паррандаи офтобпараст ҳини бозгашт аз сармо ба гармо гоҳе ба деҳаи мо мешинаду гоҳе не. Марду занҳои мо кулангдил, яъне тарсончаку буздил наянд ва ҳама ҷавонҳои кулангирӣ шоистаи корзор, гурдапур ва шердиланд. Шутури куланги бедум шумоед, ки як чиз будани «куланд» ва «кулан»-ро намедонед. Аз ин пас ба кӯдакон дуруст фаҳмонед, ки «Кулангир»

Скачать книгу