Скачать книгу

падари хуштолеъ, шод бошу дер зӣ! Аз ин лаҳза эътиборан шоҳписари ту Нуриддин писархонди Пайғамбари гиромии мост, ки бо лисони мубораки хеш ӯро Бадеуддини Нурӣ ном кардааст! Фарзанди гиромӣ бо лутфи Худованди меҳрубон вақте соҳиби ангуштари пайғамбарӣ гардид, мартабаи олӣ ёфт, ҳомили ганҷинаи Илоҳӣ шуд. Вай акнун воқифи ахбори маонӣ ва кошифи асрори ниҳонӣ аст. Бо шарофати нури абад қомати расояш талъати мавзун гирифт ва дар дили покаш ҷавҳари илҳом ба ислом дурахшон гашт. Акнун аз партави идроки ӯ шамъи Худо ва қутби ҷаҳон равшан шуда, дилу дидаи халқ аз ҷамоли ин машъалафрӯзи роҳи ҳақ пурзиё мегардад ва ҳама мӯҳтоҷи маслиҳати ӯ мешаванд.

      Вақте каломи саҳоба ба нуктаи интиҳо расид, падар Худои оламиёнро сипоси беҳад хонд, ки ба нури чашми ӯ чунин давлати бузург муносиб дидааст ва ба тариқи насиҳат афзуд:

      – Бовар дорам, ки фарзанди мо сол ба сол беҳтар аз пештар қулфкушои муроди халқ мешавад ва кори каҷи аҳли хаторо рост намуда, ҳар дари сарбаста ба рӯйи мардуми дилхаста мекушояд.

      Саҳоба падарро офарин хонд ва тиру камонро аз зини уштур ба даст гирифт:

      – Ин камони мисрӣ, ки изи дасти Пайғамбари гиромӣ ва ёрони ӯро дар худ ниҳон дорад, мисли ангуштари муқаддас қудрати бемунтаҳо надорад, аммо муҳофизи ҷисму ҷони ширини писархондаи азиз хоҳад шуд. Дастур ин аст, ки ҳамеша дар ҷойи дастрас ва назарнамо истад ва фақат ба рағми душманони дини мубини ислом истифода шавад.

      Баъди супурдани камону тирдон Товуси Ҳарамайн абрапӯстини сафед аз тан кашиду ба дасти Шайх Нуриддин дод. Боисрор таъкид кард, ки вақте Бадеуддини Нурӣ ба синни камолот расад, онро бипӯшад ва ҳар рӯзе ҳафт карат Оятулкурсӣ қироат кунад, ки дар домани ҷома бо шир навишта шудааст.

      Баъди супурдани қабои муқаддас Товуси Ҳарамайн расани шутур ба дасти Бадууддини Нурӣ дод ва гуфт:

      – Ин уштури сафед тӯҳфаи хоксоронаи ман ба писархонди гиромист. Алҳамдулиллоҳ, ки супориши муқаддас мукаммал иҷро шуд. Хайр, азизонам, паноҳатон ба Худо! Акнун маро як порча хокҷой арзонӣ доред…

      Падару писар фурсати лабкушоӣ наёфта, дасти аҷал ба домани умри Пири муваккал чанг андохт. Саҳобаи вафодор бо хотири осуда ҷон ба Ҷонофарин таслим кард…

      Бимастура, ки ҳикояти амакро бо иштиёқи том мешунид, фурсате хомӯшона ба дуриҳои дур нигаристу гиряолуд пурсид:

      – Мурдаи ин бузургвора ба Арабистон бурданд?

      – Не, ҷони амак. Сағонаи саҳобаи муаззам дар дили Хуҷанд, паҳлӯи масҷиди марказӣ ҷойгоҳи сазовор дорад. Ҳазрати Шайх Бадеуддини Нурӣ рӯзу шаб посдори рӯҳи содиқтарин ёри Пайғамбари Худоянд…

      – Яъне ки мо аввал ба зиёрати сағонаи саҳоба меравем?

      – Бале, ҷони амак…

      Аҳмадсайид пешопешу Бимастура аз дунбол бо ишораи шайхи мазор оҳиста қадам ниҳода, ба сағонаи мӯҳташаме расиданд, ки аз сангу хишти пухта бунёд гашта, болояш бо каҳгили зард андова шуда буд. Баъди пурра ба ҷо овардани рукнҳои зиёрат ва ниёиш Бимастура фармоиши Муясараи фолбинро ба ёд оварда, девори сағонаро бо остину домони ҷомаи наваш

Скачать книгу