Скачать книгу

паст нишонд ва саҳл ба худ омада, оҳиста гирду атрофро нигарист – нашавад, ки чашми бегонае рафторашро назора кунаду ба ҳама гӯшрас намуда, масхара созад. Хайрият, хона беодам буду кампирак дар берун ба мурғу сагу пишаку буз обу ғизо медод. Вай безобита шудани «меҳмон»-ро дида, дарҳол наздаш омаду бо лабханди нозебо гуфт:

      – Дилу ниятат холис будаст, балом, ки даррав хуфтию тез бедор шудӣ. Чанд вақт пеш як занак тамуми руз ба хоби ғафлат рафту бо азобе бедор карда будам. Гап зан балом, ягун хоби хуш дидӣ?

      Бимастура хобашро мӯ ба мӯ қисса карду Муясарбону бодиққат шунид.

      – Хобат муборак аст, балом, аммо ҷудо ҳам банду басташ бисёр. Ин хоби одӣ не, хоби табъӣ…

      – Ин гапа маънияш чӣ?

      – Як маънояш ҳамин ки оқибаташ нек асту ба муроду мақсадат мерасӣ.

      – Даҳанатунба шакар, холаҷун!

      – Дидани кабутар дар хоб далели ун аст, ки модари духтар мешӣ, балом!

      – Забунатунба асал, холаҷун!

      – Лекин…

      – Чӣ?!

      – Хоби кутоҳи туя номуайяниҳош бисёр балом. Он қадаре, ки тунистам, тадбир кардаму дигар наметунам. Хобат ун қадар нуронию раббонӣ, ки фақат аз китобҳои нуҷумӣ рушан мешад. Ин хоби калуна фақат ягун муаббир таъвил кардан метунад, балом.

      – Соддатар фаҳмунед, холаҷун. Нуҷуму муаббиру таъвил чӣ маънӣ дорад?

      – Дигар хел фаҳмунда наметунам, балом. Боз як бори дигар мегум, ки хобат бисмил не, яъне ҳавлноку торик не, балки чорпаҳлу, яъне тинҷу осудаю оқибаташ нек, балом. Иловатан ҳамин қадар мегум, ки кабутари ту, яъне духтари туя кадум як бузургвор ба шафоат гирифтагӣ, лекин кӣ буданаша намедунам. Аз таъбири мурғи осмун ҳам оҷизӣ мекашам, балом. – Муясарбону узромез табассум карда, аз дарбача ба ҷонварони дастомӯхташ нигаристу чеҳрааш андаке кушода шуд. – Ёфтам, балом: гиреҳи муаммо дар гуши буз банд будаст! Бодиққат гуш кун, балом: аз пагоҳ сар карда, ба ҳафт мазори табарруку муқаддаси Ворух банавбат назру ниёз мебарию мақбараи ҳар кадум бузургвора бо нуки остину бари думан руфта, покиза мекунӣ. Агар бо дили софу тани пок зиёрату ибодат кунӣ, парастори кудак аз худаш дарак метияд…

      – Ба ҳамаи ин мазорҳо назру ниёз бурда, гапҳои шумо гуфтагия иҷро кардагӣ ман. Ба мазори Хоҷаи Бобоалӣ чор бор, ба Хоҷаи Мастону Чорсангу Балогардон се борӣ, бо Хоҷаи Имому Шибирғонбобо ва Рахнаи оташон ду борӣ рафтаам. Ягун мурод ки ҳосил нашуд, пеши шумо умадам, холаҷун…

      – Ба мазори дигар бузургворо ҳам рафтагӣ?

      – Дар Чоркую Исфараю Канд, Марғинону Масчо мазори нарафтагиям намонд…

      – Ба Хуҷанд чӣ?

      – Рафтагим не…

      – Исто, балом. Охирин гапи бузургворе, ки дар хоб дидӣ, чӣ буд?

      – Гуфтанд, ки… «ҳар гоҳ маслиҳате зарур шавад, туро мададгорем…»

      – Шуд! Ана акнун ҳамааш фаҳмо: мададгори ту бузургтарин бузургвори замун Шайх Маслиҳатдини Хуҷандӣ!! Фақат ҳамин Подшоҳмарди Валӣ кабутари бисёр дар ихтиёр дорад. Хез балом, ба хунаат раву тушаю талқуната гирифта, ба шаҳри Хуҷанд давун шав! Пири бузургвора ёв!!

      – Он

Скачать книгу