ТОП просматриваемых книг сайта:
Комплекси таълимӣ-методӣ: Экологияи муҳандисӣ. Далержон Дадоевич Ходжибаев
Читать онлайн.Название Комплекси таълимӣ-методӣ: Экологияи муҳандисӣ
Год выпуска 2022
isbn
Автор произведения Далержон Дадоевич Ходжибаев
Жанр Биология
Издательство Автор
дарёи Панҷ дар ҷануб ва дарёи Вахш дар марказ. Дар мамлакат қариб ҳазор дарёҳо мавҷуд ҳастанд, ки дарозии ҳар яки онҳо ба зиёда аз 10 километр мерасад.
Ангишт дар ҳаҷми 1-2 миллион тонн дар як сол дар конҳои Назарайлоқ, Шӯроб ва Фон-яғноб истеҳсол мешавад. Барои қонеъ намудани талабот ба ангишт зиёд шудани истеҳсоли он то 7-15 миллион тонн дар як сол то соли 2030 дар назар аст. Дар давоми 10 соли охир 200 корхонаҳо ба истифодабарӣ аз ангишт гузаштаанд.
Ҳаво ва Иқлим
Сифати ҳаво дар шаҳрҳои асосии Тоҷикистон дар сатҳи ҷоиз нигоҳ дошта мешавад. Манбаи асосии ифлосшавии атмосфера партовҳои нақлиёт ба ҳисоб мераванд, партовҳои бештари моддаҳои зараровар аз манбаҳои доимӣ ва ҳаракаткунанда дар минтақаҳои саноатии мамлакат мушоҳида мешаванд.
Партовҳои газҳои гулхонавӣ (ГГ), ки қодиранд ба иқлим таъсир расонанд, дар Тоҷикистон камтар аз 1 тонна гази карбон (СО2) ба як на-фари аҳолӣ рост меояд. Ҳиссаи Тоҷикистон дар партовҳои ҷаҳонӣ ночиз аст, вале мамлакат нисбат ба оқибатҳои ногувори тағйирёбии иқлим осебпазир мемонад. Аз соли 2005 то соли 2010 партовҳои СО2 қариб дар як сатҳ нигоҳ дошта мешаванд, вале вобаста ба зиёдшавии аҳолӣ, рушди иқтисодиёт ва зиёд шудани теъдоди нақлиёт партовҳо ба ҳаво зиёд шуда истодаанд. Иштироки Тоҷикистон ва аксарияти давлатҳо дар тадбиқи Созишномаи Париж оид ба иқлим ва амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба кам кардани партовҳо бояд барои пешгирии зиёдшавии ҳарорати глобалӣ дар доираи 20С ва коҳиш додани оқибатҳои ногувори гармшавӣ мусоидат намояд.
Зери таъсири партовҳои ҷаҳонии гулхонавӣ ва гармшавӣ майдони бо пиряхҳо пушидашудаи Тоҷикистон аз соли 1930 то ин ҷониб 25-30%– и он кам шудааст. Дар назар аст, ки то соли 2050 майдон ва ҳаҷми пиряхҳо боз 25-30 % кам гардад, ҳаҷми оби ҳавзаи дарёҳо аз ҳисоби обшавии босуръати пиряхҳо бошад аввал зиёд шуда, баъдан кам мегардад.
Қуллаи обнокии дарёҳо ба муҳлатҳои пештар гузашта, ба таъминот бо оби кишоварзӣ метавонад таъсир расонад. Зиёд шудани эътимолияти селфароӣ, обхезӣ ва камобӣ низ дар назар аст.
Сифати ҳаво
Ҳавои тоза барои нигоҳ доштани саломатӣ ва зиндагии боҳаловат зарур аст. Сифати ҳаво ба вазъи табиати зинда, нигоҳдории арзишҳои фарҳангӣ, фоиданокии кишоварзӣ ва ҷозибадории шаҳрҳо таъсир мерасонад. Фаъолияти нақлиёт, энергетика ва саноат бисёр вақт сабаби партовҳои моддаҳои заҳрнок ва ифлоскунандаҳои ҳаво мегардад. Дар натиҷаи ифлосшавии ҳаво саломатии аҳолӣ, кишоварзӣ ва табиат метавонанд зарар бинанд.
Манбаҳои асосии доимии партовҳо ва ифлосшавии ҳаво дар Тоҷикистон корхонаҳои металлургӣ ва сементбарорӣ, инчунин марказҳои обугармидиҳии бо ангишт коркунанда ба ҳисоб мераванд. Тағйиротҳо дар сохтори саноат барои камшавии партовҳои моддаҳои ифлоскунанда мусоидат намуданд. Дар муқоиса бо нишондодҳои максималии 30 сол пеш (100 ҳазор тонн) дар давраи ҳозира ҳаҷми партовҳои зарарнок аз манбаҳои доимӣ 3 маротиба (35 ҳазор тонн) кам шудааст.
Нақлиёти автомобилӣ дар давоми 15 сол манбаи асосии ифлоскунандаи атмосфера ба ҳисоб меравад: ба он 70-80 % ҳаҷми ҳамаи партовҳо дар сатҳи 340-540 ҳазор тонн дар як сол (маълумотҳои давраи солҳои 2015-2017) рост меояд.
Ба нақлиёт